28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Тоҷикистон барои рушди гӯштини миллӣ барнома ва санадҳои дахлдор таҳия мегарданд

129
Дар Тоҷикистон барои рушди гӯштини миллӣ барнома ва санадҳои дахлдор таҳия мегардандФедератсияҳои гӯштингирии Тоҷикистон ва байналмилалии гӯштингирӣ нақша доранд, ки якчанд санадҳои меъёрӣ ва барномаҳои давлатиро таҳия ва амалӣ намоянд, ки ба рушди минбаъдаи ин намуди варзиши миллӣ мусоидат менамоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон.

Ба андешаи мутахассисони соҳа, тамоми намудҳои гӯштини дунё аз гӯштини миллии тоҷикӣ сарчашма мегирад. Гӯштини миллии тоҷикӣ дар ҳар минтақаи мамлакат вижагиҳои хоси худро дорад. Дар баъзе ҷамоату деҳоти Тоҷикистон мусобиқаҳои даставӣ ташкил карда мешаванд. Ин мусобиқот байни намояндагони ноҳияҳои ҳамсоя баргузор мешаванд. Дастае, ки варзишгаронаш бештар ғолиб мешаванд, соҳиби ҷойи аввал мегардад. Барои худи паҳлавонон ин на танҳо мусобиқа, балки эҳтиром ба сарзамин, гузаштагон ва мураббиёнашон аст.

Имрӯз ҷашнҳои мардуми тоҷикро бе мусобиқа оид ба намудҳои гӯштини миллӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Анъанаи мусобиқаи гӯштингирӣ тақрибан 3000 сол пеш пайдо шудааст.

Аз рӯи анъана, пиронсолон бо рақобати худ гӯштингириро оғоз карда, ба ин восита ба бозигарони ҷавон фотиҳа медоданд. Баъдан кӯдакон вориди майдон мешаванд, ҳатто бачаҳои 4-5-сола низ метавонанд дар ин гуна мусобиқот иштирок кунанд.

Бояд тазаккур дод, ки бо дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гӯштингирӣ рӯз то рӯз рушд ёфта, таҳияи либоси варзишии ягонаи гӯштингирӣ, таҳияи қоидаҳои нави гӯштингирӣ, баргузор намудани мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва ба ҳамин восита муаррифии гӯштингирӣ дар арсаи байналмилалӣ шаҳодати ин аст.

Мавриди зикр аст, ки бозиҳои миллии варзишӣ муаррифи тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ буда, ба воситаи баргузории онҳо дар дили наврасону ҷавонон ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ бедор мегардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво