20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор 18 бинои маркази саломатӣ ва 6 муассисаи томактабӣ таҷдид карда мешавад

422
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор 18 бинои маркази саломатӣ ва 6 муассисаи томактабӣ таҷдид карда мешавадДар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор 18 бинои маркази саломатӣ ва 6 муассисаи томактабӣ таъмиру навсозӣ карда мешаванд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад, ки таъмиру таҷдиди биноҳои бахши тандурустӣ ва маориф дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён мегирад.

Бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои таъмиру таҷдид дар иншооти соҳаи иҷтимоӣ масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор аз Ҷамоати деҳоти Навобод боздид намуда, бо корҳои навсозӣ дар марказҳои саломатӣ шинос гардиданд.

Мушоҳида шуд, ки устоҳои таъмиргари ҶДММ «Арх-Дизайн» машғули кор буданд ва тибқи иттилои сарвари сохтмончиён, баҳри ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот саъю талош менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво