25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Суғд барои кормандони корхонаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагон машғулияти омӯзишӣ доир карда шуд

146
Дар Суғд барои кормандони корхонаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагон машғулияти омӯзишӣ доир карда шудДар Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд барои кормандони корхонаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагон дар мавзӯи баланд бардоштани иқтидори содирот ва кор бо ҳуҷҷатҳои дар ин самт дахлдор машғулияти омӯзишӣ доир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи мазкур хабар доданд.

Тазаккур дода шуд, ки Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи бизнес-инкубатсия, ки аз ҷониби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JICA) маблағгузорӣ мешавад, барои соҳибкорони вилояти Суғд машғулият дар мавзӯъҳои баланд бардоштани иқтидори содирот ва масъалаҳои марбут ба андозбандӣ мутобиқи Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди ҳуҷраи шахсии андозсупоранда дар портали электронии Кумитаи андоз доир намуд.

Дар машғулияти омӯзишӣ зиёда аз 20 нафар соҳибкорон ва аъзои Палата иштирок намуда, дониши худро дар мавзуъҳои зикршуда такмил доданд.

Баргузории чунин чорабиниҳо ба соҳибкорон имкон медиҳад, ки донишҳои худро оид ба талаботи зарурӣ дар соҳаи содироти маҳсулот ва масъалаҳои андозбандӣ такмил дода, онҳо ба саволҳои худ аз коршиносон ҷавобҳои мушахас мегиранд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво