29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ва Италия масъалаҳои рушди муносибатҳои мутақобилан судмандро баррасӣ карданд

150
26 январ дар шаҳри Рим вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия (бо иқомат дар шаҳри Париж) Ҷамолиддин Убайдулло бо муовини Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Италия Эдмондо Сириеллӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ тарафҳо ҳолати кунунӣ, дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италияро баррасӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 25 январ дар шаҳри Милан имконоти сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд, ки дар ин чорабинӣ зиёда аз 200 нафар соҳибкорон ва сармоягузорони итолиёвӣ иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш Сафири Тоҷикистон дар Италия Ҷамолиддин Убайдулло ба ҳозирин оид ба дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ, ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои давлатӣ, низоми бонкӣ, фазои мусоид ва лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ, инчунин имконоти фаровони тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сайёҳӣ маълумоти муфассал манзур намуд.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво