23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон дар Швейтсария ҳамчун Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ сабти ном карда шуд

197
Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон дар Швейтсария ҳамчун Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ сабти ном карда шудФедератсияи гӯштингирии Тоҷикистон дар шаҳри Тсюрихи давлати Швейтсария ҳамчун Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ сабти ном карда шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон.

Тавре қаблан хабар дода будем, гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ касб намуд.

Мавриди зикр аст, ки гӯштин аз вожаи аслии тоҷикии «куштӣ» гирифта шуда, маънояш камарбанд аст. Инчунин камарбанди зардуштиёнро куштӣ меномиданд. Номи аслии ин навъи варзиш куштигирӣ буда, маънии камарбандгирӣ ё миёни якдигарро гирифта, қувваозмоӣ кардан мебошад. Гӯштини миллии тоҷикӣ ё гӯштингирӣ яке аз намудҳои маъмули гӯштин буда, дигар намудҳо, чун дзюдо, самбо, кураш ва камарбандӣ аз он сарчашма мегиранд.

Гӯштингирӣ дар байни аҳолӣ мартабаи баланд дошта, ҷиҳати оммавӣ гардидани тарбияи ҷисмонӣ воситаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Он солҳои охир бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба инкишоф ниҳодааст.

Аслан мусобиқаҳои гӯштингирӣ дар маҳалҳо бахшида ба ҷашну маросим доир мегарданд ва паҳлавонон байни ҳамдигар барои дарёфти мукофоти асосӣ қувва меозмоянд. Аз рӯи ин намуди варзиш дар фаслҳои баҳору тобистон дар доманакӯҳу саҳро мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи баланду хотирмон баргузор мегарданд. Паҳлавонон байни халқ эътибори бузург дошта, дар васфи онҳо шеъру тарона, очерк, ҳикояю сурудҳо навишта мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки соли 2022 бо дастгириҳои бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хосса Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе мусобиқа ва чемпионатҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ баргузор карда шуданд. Инчунин дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар, ноҳияҳои Данғара, Ёвон, Рӯдакӣ, А. Ҷомӣ, Рашт, Ховалинг, Ш. Шоҳин, ноҳияи Ҷ. Расулов бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар санаҳои таърихӣ зиёда аз 10 мусобиқаи варзишии гӯштингирӣ ва чемпионатҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор карда шуданд, ки дар онҳо федератсия доварони худро сафарбар намуда, ҳамзамон ба варзишгарон яктакҳо тақдим намуд.

Тибқи нақшаи ягонаи тақвимии чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022, Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Чемпионати Осиё оид ба кураш ва Мусобиқаи сеюми байналмилалӣ оид ба гӯштингириро бо иштироки 31 давлат баргузор кард.

Либоси гӯштингир
Бино ба гуфтаи котиби генералии Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ Абдулло Саидхоҷаев, либоси гӯштингириро яктак ном мебаранд, ки он аз се ранг иборат мебошад. Сурх, сафед ва сабз, ки он ифодагари рамзи Парчами давлатӣ мебошад. Намунаи ин либос соли 2020 аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тасдиқ гардид.

«Гӯштингирон пойи бараҳна қувваозмоӣ менамоянд. Дар расми кушодашавии тантанавӣ ва пӯшидашавии мусобиқаҳои гӯштингирӣ, инчунин мукофотсупорӣ писарон бо либоси сабз ва бонувон бо либоси сафед мебароянд», — гуфт мутахассис.

Ба иттилои мутахассисони соҳа, зимни қувваозмоии гӯштингирон доштани ангуштарин, дастпона ва соат манъ аст. Дар сурати набудани ҷома гӯштингирон аз кимоно истифода мебаранд. Гӯштингире, ки нахустин шуда, даъват мешавад, бояд бо киманои сафед ба майдон барояд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво