29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар вилояти Хатлон корҳои ҷустуҷӯӣ–геологӣ тақвият меёбанд

154
Дар вилояти Хатлон корҳои ҷустуҷӯӣ–геологӣ тақвият меёбанд Филиали ширкати «Корпоратсияи миллии нафту гази Чин» (CNPC) тасмим гирифтааст, ки дар майдонҳои нафту гази вилояти Хатлон корҳои ҷустуҷӯӣ–геологиро анҷом диҳад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

Ин масъала 26 январ зимни вохӯрии роҳбарияти вилояти Хатлон бо намояндаи филиали ширкати CNPC Central Asia B.V дар Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Дар мулоқоти мазкур оид ба масъалаҳои амалишавии Созишнома оид ба тақсимоти маҳсулот вобаста ба корҳои ҷустуҷӯӣ–геологӣ дар майдонҳои нафту газ дар вилояти Хатлон мубодилаи афкор сурат гирифт .

Намояндаи филиали ширкати CNPC Central Asia B.V дар Тоҷикистон иброз дошт, ки дар ҳолати хуб ба анҷом расидани корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ ба рушди соҳаи нафту гази Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшида мешавад.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ, заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият, густариши ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодӣ ва ҷалби ширкатҳои чинӣ баҳри расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноаткунонии босуръати мамлакат изҳори назар карда шуд.

АКС: шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво