19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Милан имконоти сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

146
Дар Милан имконоти сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид25 январ дар шаҳри Милан бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия (бо қароргоҳ дар Париж) имконоти сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд, ки дар ин чорабинӣ зиёда аз 200 нафар соҳибкорон ва сармоягузорони итолиёвӣ иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни ҳамоиш Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия Ҷамолиддин Убайдулло ба ҳозирин оид ба дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар даврони истиқлол, ҳадафҳои стратегӣ ва барномаҳои давлатӣ, низоми бонкӣ, фазои мусоид ва лоиҳаҳои гуногуни сармоягузорӣ, инчунин имконоти фаровони тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сайёҳӣ маълумоти муфассал манзур намуд.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво