20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бонки миллии Тоҷикистон ба ҶДММ «Тад Дюти Фри» барои се сол иҷозатнома дод

135
Бонки миллии Тоҷикистон ба ҶДММ «Тад Дюти Фри» барои се сол иҷозатнома дод Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тад Дюти Фри» иҷозатнома дод. Тибқи он ҶДММ «Тад Дюти Фри» зимни фаъолияташ ба муддати се сол бо асъори хориҷӣ амалиёт анҷом медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, ин тасмим бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» ва дастурамал «Дар бораи соҳаи истифода, тартиби муомилоти асъори хориҷӣ, тартиб ва қоидаҳои додан ва бозхонд намудани иҷозатнома барои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гирифта шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво