19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Тоҷикистон ва Узбекистон масъалаҳои ҳамкориро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ карданд

93
23 январ дар шаҳри Тошканд вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Бахтиёр Саидов баргузор карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат вазирон дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои иттифоқӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Узбекистонро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба ҷадвали тамосҳои сатҳи олӣ ва баланди дарпешистода мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳокима карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки 24 январ дар пойтахти Узбекистон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор мегардад. Дар он ҳайати Тоҷикистон таҳри роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок мекунад.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво