19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ХЕЗ, ТО ҶАШНИ САДА БАРПО КУНЕМ…». Дар Душанбе иди Сада таҷлил карда мешавад

101
29 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷашни Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолҳою тухмии зироати кишоварзӣ баргузор карда мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар назар аст, ки дар чорабинӣ намоядагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, олимону адибони мамлакат, кишоварзони вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намоянд. Инчунин дар ин рӯз аз ҷониби Вазорати кишоварзии мамлакат тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа дар назар дошта шудааст.

Таъкид бояд кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ҷашни Садаро мардуми тоҷик ба ҳамчун ҷашни кишоварзону боғдорон ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ойини аслии мардумӣ таҷлил менамоянд. Бо иқдому супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои ниёгонамон эҳё гашта, шукӯҳу шаҳоматашон аз нав боло меравад. Зарурати ин иқдомро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 чунин баён дошта буданд: «Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида, нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».

Дар рӯзи таҷлили ин ҷашн кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсули бо ранҷ парваридаи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин олоти кишоварзӣ, тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари иди Сада мебошанд, пешниҳоди ҳозирин мегардонанд.

Сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯз навъҳои гуногуни дарахтон ва гулу буттаҳои ороиширо харидорӣ намоянд.

Шоири маҳбуб Алимуҳаммад Муродӣ иди ниёгонамон- Садаро чунин васф намудааст:

Аз Ҳушанг омад ба мо ҷашни Сада,
Ҷашни шоҳони Хуросони бузург.
Оташе, ки дар Сада рӯшан шавад,
Ҳаст рамзи рӯҳи мардони бузург.
Хез, то ҷашни Сада барпо кунем,
Расми аҷдодии худ эҳё кунем!

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво