Федератсияи бозиҳои миллии варзишии Тоҷикистон таъсис дода мешавад![]() ![]() Зимни ҳамоиши умумии аъзои Федератсияи бозиҳои миллии варзишии Тоҷикистон гуфта шуд, ки тоҷикон аз зумраи миллатҳое ҳастанд, ки тавонистанд ҳастии худро маҳз тавассути расму оин, забон, фарҳанг, суннатҳои миллӣ ва бозиҳои миллии варзишӣ ҳифз намуда, аз насл ба насл ба мерос гузоранд. Зарур шуморида шуд, ки дар баробари доштани имконияти таърихӣ барои эҳё, рушд ва нумуи арзишҳои миллӣ талош варзида шавад. Ҳамзамон аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба рушди ин намуди бозиҳо пешниҳодҳо ироа гардиданд. Бо пешниҳоди аъзо президенти Федератсия Абдулло Раҳмонзода интихоб гардид. Дар хотима ба муассисон ҷиҳати мунтазам баргузор намудани Фестивали бозиҳои варзишии миллӣ, аъзои Конфедератсияи умумиҷаҳонии этноспорт намудани Федератсияи бозиҳои миллии варзишии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ташкилӣ супориш дода шуд. Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар» АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |