28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ФАРЗАНДОНИ НОБОЛИҒРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Дар Муъминобод ва Ҳисор кӯдакон зери ях мондаанд

130
ФАРЗАНДОНИ НОБОЛИҒРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Дар Муъминобод ва Ҳисор кӯдакон зери ях мондаандСе кӯдаки хурдсол, сокинони деҳаи Ғарабдараи Ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ҳангоми лижаронӣ дар болои яхи обанбори сунъӣ ба об афтодаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳодиса 21 январ, тақрибан соати 17:30-и вақти маҳаллӣ рух додааст. Ба иттилои манбаъ, ду кӯдак 5-сола ва як нафар 4-сола будаанд. Ҷасади кӯдаконро сокинони деҳа аз об бароварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Ҳамзамон 19 январ, тахминан соати 16:30-и вақти маҳаллӣ ҳангоми гузаштан аз дарёи Хонақоҳ, ки ях баста буд, як хоҳар ва бародари 16 ва 7 – сола, сокинони деҳаи Гачаки Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор ба зери ях фурӯ рафтаанд. Бо талоши ҳамсояҳо писарбача аз марг наҷот дода шуд.

Ҷустуҷӯи духтари ноболиғ то соати 18:40 идома карда, баъдан ҷасади ӯро 30 метр поёнтар аз маҳалли ҳодиса пайдо намуданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд ва ба онҳо зарурати риояи қоидаҳои бехатариро фаҳмонанд.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво