28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Турсунзода иди Сада бошукӯҳ таҷлил карда шуд

210
Дар шаҳри Турсунзода иди Сада бошукӯҳ таҷлил карда шудДар шаҳри Турсунзода бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса иди Сада таҷлил карда шуд. Дар ҷашнгоҳ созҳои миллӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ, маҳорати пазандагони моҳир, навъҳои таомҳои суннатӣ, порчаҳои атласу адрас, зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва дигар маҳсули дасти бонувони ҳунарманд ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.

Дар намоишгоҳи идона маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳолҳо, гулу буттаҳо, тухмии зироати кишоварзӣ, олоти меҳнати марди деҳқон ва дигар дастовардҳои кишоварзони шаҳр пешниҳоди сокинон карда шуданд.

Мардум бо рӯҳияи баланди идона аз ҷашни Сада истиқбол гирифтанд, то пайки ин ҷашни ориёӣ мададгори кишоварзон шуда, ба рушди боғдориву токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмӯъ, ободкорӣ мусоидат намояд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Сада аз ҷовидонии Хуршеди оламтоб башорат дода, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки миллати тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ бо фарҳанги куҳанбунёди худ саҳми муассир дорад. Мояи сарфарозист, ки бо ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намудаанд, аз нав эҳё гардида, аз ҷониби мардум ба хубӣ пазируфта шуданд. Аз ҷумла, миёни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни милливу мардумӣ-Наврӯз, Меҳргон ва Сада баланд мебошад.

Аз таҷлили бошукӯҳи Сада дар шаҳри Турсунзода бармеояд, ки суннатҳои ин ҷашни ниёгони мо ба таври васеъ омӯхта шуда, таҷлили он дар саросари мамлакат ба ҳукми анъанаи неки мардум даромадааст ва тамоми сокинони кишвар онро дар рӯҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ таҷлил менамоянд.

Сада аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик буда, бо шарофати истиқлолияти давлатӣ аз нав эҳё гардид ва ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Ҷашни Сада марбут ба замони пеш аз ориёиҳо буда, аз замони шоҳони асотирии пешдодиён, ки таърихи тахминан 6-7 ҳазорсола дорад, сарчашма мегирад. Ин ҷашни ниёгони мо ба мисли ҷашни Наврӯзу Меҳргон ҷашни ободкорӣ ва кишоварзон мебошад, ки тамоми қишрҳои ҷомеа маросими онро риоя карда, аз баргузориаш изҳори шодмонӣ мекунанд.

АКС: МИҲД шаҳри Турсунзода




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво