20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ИМРӮЗ-РӮЗИ ГУМРУКЧИЁН. Дар Тоҷикистон нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ барзиёд иҷро гардид

253
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГУМРУКЧИЁН. Дар Тоҷикистон нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ барзиёд иҷро гардидМақомоти гумруки Тоҷикистон аз барзиёд иҷро гардидани нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2022 аз ҳисоби воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҷумҳурӣ мужда расонид. Соли гузашта ба ҷойи 6 миллиарду 464,0 миллион сомонӣ ба Буҷети давлатӣ 7 миллиарду 410,1 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 907,03 миллион сомонӣ зиёд аст. Ин пайғоми нек дар арафаи иди касбии гумрукчиён-Рӯзи таъсиси мақомоти гумруки Тоҷикистон, ки ҳамасола 22 январ таҷлил мегардад, ба АМИТ «Ховар» расид.

Иҷрои барзиёди нақша — бозгӯи фаъолияти самараноки масъулини соҳа
Дар робита ба иди касбии гумрукчиён сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Хуршед Каримзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки «роҳбарият ва ҳайати кормандони мақомоти гумруки мамлакат соли сипаришуда дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини даромадҳои гумрукию ҷилавгирии қочоқи молу маҳсулот фаъолияти густурда ва самарабахш ба роҳ монда, ба дастовардҳои чашмрас ноил гардиданд».

Хуршед Каримзода изҳор намуд, ки дастовардҳои соҳа дар соли 2022 бозгӯи фаъолияти самараноки масъулони соҳа дар самти иҷрои вазифаҳои хизмати давлатӣ ва қонунгузории бахши калидии иқтисоди миллӣ мебошад.

Аз нақша барзиёд- қариб 7,5 миллиард сомонӣ иҷро гардидани пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2022 ба кадом омилҳо иртибот дорад?

Хуршед Каримзода дар посух ба ин ин савол гуфт, ки барзиёд иҷро намудани нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ дар соли гузашта ба амалӣ кардани такмили низоми маъмурикунонии соҳа, хусусан татбиқи қонунгузории амалкунанда дар самти муайян намудани арзиши гумрукии молу воситаҳои нақлиёти воридотӣ, барасмиятдарории босифати молҳои мавриди ниёзи аввали мардум, гузарондани машварат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо субъектони иқтисодии хориҷӣ, таҳкими фаъолият ҷиҳати ҷилавгирӣ аз воридоти ғайриқонунии маҳсулот рабт дорад.

Мақомоти гумрук дар шароити хеле мураккаби вазъи сиёсии ҷумҳурӣ таъсис ёфт
22 январи соли 1992 бо таъсиси Саридораи назорати гумрукӣ дар назди Девони вазирони ҷумҳурӣ заминаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гузошта шуд. Раванди барқароршавии мақомоти гумруки мамлакат ба шароити хеле мураккаб рост омад, ки бесарусомониҳои сиёсии дохилӣ ба содироти беназорати арзишҳои моддии асоси иқтисодиёти ҷумҳуриро ташкилкунанда мусоидат намуданд. Дар нахустин солҳои Истиқлолияти давлатӣ мақомот, иншооти гумрукӣ ва кадрҳои баландихтисоси соҳаи гумрук қариб ки мавҷуд набуданд. Танҳо як нуқтаи гумрукии Панҷи Поён ба мерос монда буд ва беш аз 2350 километр сарҳадоти маъмурӣ бо ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ба сарҳади давлатӣ табдил ёфтанд. Дар чунин шароити мураккаби вазъи сиёсии соли 1992 бо дастгирии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти гумрук таъсис дода шуд ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифи гумрукӣ» таҳия ва тасдиқ гардид.

Нақши калидии мақомоти гумрук дар ғанӣ гардонидани буҷети давлат
Бо дахли нақши макомоти гумрук дар рушди иқтисоди миллӣ Хуршед Каримзода афзуд, ки “Хадамоти гумрук дар ташаккули қисми даромади Буҷети давлатӣ нақши калидӣ дошта, баҳри таъмини амнияти иқтисодии мамлакат рисолати муҳими ҳифзи ҳуқуқӣ анҷом медиҳад ва ба равандҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ таъсир мерасонад. Мақомоти гумрук ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти ғанӣ гардонидани буҷети давлат, пешгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқи оташфишон, аслиҳа, ҳифзи сарватҳои моддиву фарҳангии мардум, пешгирии қонуншиканиҳои гумрукӣ, ҳифзи амнияти иқтисодии ҷумҳурӣ, густариши равобити иқтисодиву иҷтимоӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ, таҷдиду такмили муносибатҳои бозоргонӣ, назорат аз болои содироти молҳои муҳими дорои аҳамияти стратегӣ ва ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагон нақши калидӣ дорад”.

Новобаста аз вазъи геосиёсии ҷаҳон ва таъсири он ба рушди иқтисодии минтақа, Хадамоти гумрук дар заминаи дастуру ҳидоят ва дастгирии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2022 баҳри таъмини иҷрои як қисми даромади буҷети давлатӣ, ҳифзи амнияти иқтисодӣ, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии воридоти адабиёти ифротгароӣ, танзими тиҷорати хориҷӣ ва пешгирӣ аз содироти осори арзишманди таърихиву фарҳангӣ рисолати худро дар сатҳи зарурӣ иҷро намуда, ба комёбиҳои чашмрас ноил гардид.

Имзои ду санади ҳамкорӣ бо мақомоти гумруки Беларус ва Покистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб аъзои Созмони ҷаҳонии гумрук /СҶГ/ ва беш аз 100 конвенсияю созишномаҳои байналмилалии соҳаи фаъолияти гумрукӣ буда, роҳбарияти мақомоти гумруки мамлакат дар самти таҳкими ҳамкории байналмилалии гумрукӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Соли гузашта роҳбарияти мақомоти гумрук бо намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи гумрук вохӯриҳои судманд анҷом доданд. Масъалаҳои афзалиятноки фаъолияти гумрукӣ марбут ба ҳамкории байналмилалии гумрукӣ, ироаи кумакҳои моддию техникӣ, табодули омори гумрукӣ, таҷриба, бозомӯзии кормандони мақомоти гумрук, иштироки фаъолона дар робитаҳои минтақавии соҳавӣ, омодасозии мутахассисони касбӣ дар масъалаҳои мубодилаи электронии маълумоти омори гумрукӣ, ёрии байниҳамдигарӣ дар самти фаъолияти гумрукӣ, эътирофи мутақобилаи натиҷаҳои назорати гумрукӣ, таъсиси долони содагардонидашудаи гумрукӣ, мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо аз мавзуоти меҳварии вохӯриҳо буданд.

Соли 2022 миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва гумруки Беларус «Созишнома оид ба низоми мусоидат ба тиҷорати мутақобила» ва байни Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва Идораи федеролии пардохтҳои Покистон Ёддошти тафоҳум оид ба ташкили мубодилаи электронии маълумот ба имзо расонида шуд.

Дар доираи ҳамкорӣ бо мақомоти гумруки Узбекистон аз ҷониби Маркази миллии кинологии Кумитаи давлатии гумруки Узбекистон 10 саги кинологӣ ба Хадамоти гумруки мамлакат тақдим карда шуд, ки дар самти дарёфти маводи мухаддир ва моддаҳои тарканда омӯзонида шуда, ба раёсатҳои минтақавии мақомоти гумрук барои истифодаи хизматӣ супорида шуданд.

Интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо — омили пешрафти соҳа
Интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, сифатан беҳтар намудани ҳайати воҳидҳои сохторӣ, фаъол гардонидани мубориза алайҳи фасод ва суиистифода аз вазифаҳои хизматӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолият буда, барои ба амал баровардани тағйироти кадрӣ дар ҳама зинаҳо тадбирҳои мушаххас андешида шуданд, афзуд Хуршед Каримзода.

22 нафар унвони донишҷӯи Академияи гумрукии Русия сазовор гардида, дар филиалҳои Академия дар шаҳрҳои Любертси, Санкт-Петербург ва Ростови соҳили Дон таҳсил доранд.


Омодасозии кадрҳо дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук сурат гирифта, ҳар сол ҳудуди 250 нафар кормандони мақомоти гумрук, инчунин мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ ва брокерҳои гумруки кишвар такмили ихтисос менамоянд. Кормандони мақомоти гумрук ҷиҳати такмили донишу малакаи касбӣ ба хориҷи мамлакат сафарбар гардида, аз таҷрибаи бойи давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ дар бахши фаъолияти гумрукӣ бархурдор мегарданд.

Бунёд ва таҷдиди инфрасохтори гумрукӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд
Бо мақсади таҷҳизонидани дидбонгоҳҳои гумрукӣ бо воситаҳои муосири назорати гумрукии ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ дар доираи ҳамкорӣ бо Чин ба маблағи беш аз 30 миллион доллар кумаки техникӣ-таҷҳизоти муоинаи гумрукӣ, воситаҳои техникии назорати гумрукӣ тақдим ва ба кор дароварда шуданд, ки кормандони мақомоти гумрук аз онҳо истифода менамоянд. Аз ҷониби Ҳукумати Корея пешниҳоди кумакҳои техникӣ ба маблағи 4,5 миллион доллар, ки ба такмили зернизоми Идораи таваккали Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона/СИАЯ/ равона гардидааст, ки кори он соли гузашта ба анҷом расонида шуд. Барои арзёбии самтҳои гуногуни фаъолияти мақомоти гумрук ва мутобиқ намудани онҳо ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҳайати ташхисӣ-тадқиқотии СҶГ ба ҷумҳурӣ омада, коршиносони он заминаҳои қонунгузории гумрукӣ, рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ ва иҷрои муқаррароти СҶС оид ба содагардонии расмиёти савдоро таҳлил намуда, барои маъмуригардонӣ ва мутобиқсозии фаъолияти Хадамоти гумрук бо талаботи муосир тавсияҳо доданд. Аз ҷониби Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Мусоидат ба ҳамкории фаромарзӣ тавассути идоракунии босамари сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон» соли 2022 дидбонгоҳи гумрукии «Кокул» сохта, муҷаҳҳаз гардонида шуд.


Барои татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2020-2024» аз ҷониби шарикони рушд ҷудо намудани кумакҳои техникию молиявӣ дар назар дошта шудааст. Бо назардошти афзоиши гардиши савдо бо Узбекистон ва истифодаи самарабахши иқтидори транзитии ҷумҳурӣ таҳия ва татбиқи тарҳҳо барои бунёд, таҷҳизонидан ва тақвияти фаъолияти гузаргоҳҳои назоратии наздисарҳадӣ бо Бонки Осиёии Рушд гуфтушунид гузаронида шуд, ки дар натиҷа аз ҷониби ин Бонк бунёди дидбонгоҳи наздисарҳадии гумруки намунавӣ ва ҷиҳозонидани дидбонгоҳҳо бо воситаҳои техникии назорати гумрукӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар маҷмӯъ Хуршед Каримзода афзуд, ки мақомоти гумрук барои амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи давлат ва таъмини рушди иқтисодии он яке аз мақомоти калидӣ буда, новобаста аз пандемияи COVID-1», авзои сиёсии минтақа ва ба буҳрони иқтисодӣ мувоҷеҳ шудани иқтисодиёти ҷаҳон тавонист иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукиро барзиёд таъмин намояд. Ин аз содиқ будани гумрукчиён тоҷик ва хизмати самараноки онҳо дар рушди иқтисоди мамлакат, бахусус ғанӣ гардонидани буҷети давлат шаҳодат медиҳад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво