Имрӯз Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ба стандартҳои муосир мутобиқ гардонидани сифати иншооти сохташаванда, баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ бо истифодаи унсурҳои меъмории миллӣ, таҳти назорати қатъӣ қарор додани сатҳу сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи сохтмонии баландсифат дар сохтмонҳои кишвар, таъмин намудани амалишавии муқаррароти Нақшаҳои генералӣ ва нақшаҳои муфассали банақшагирии маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо инобати минбаъд дар марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо бунёд намудани биноҳои баландошёна, таъмини шаҳру ноҳияҳо бо инфрасохтори муҳандисӣ, аз ташкилотҳои зерсохтори Кумита дидан намуданд.
Ҳангоми боздид аз корхонаву ташкилот Раиси Кумита аз тартиби пешбурди фаъолияти онҳо, утоқҳои корӣ, истифодаи таҷҳизотҳои замонавӣ, тарбияи кадрҳо ва ҳаҷми кор шиносоӣ пайдо карда, ба роҳбарони корхонаву ташкилот барои омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, гузаронидани дарсҳои омӯзишӣ бо даъвати олимони соҳа, устодон, мутахассисони варзидаи хориҷӣ, истифодаи масолеҳи сохтмонии баландсифат дар таҳияи лоиҳаҳо, ба стандартҳои муосир мутобиқ гардонидани сифати иншооти сохташаванда, баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ, таҳти назорати қатъӣ қарор додани сатҳу сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ ва дигар дастуру тавсияҳо доданд.