12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҷалби мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ гармхонаи муосир сохта мешавад

362
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд гармхонаи муосир бунёд мегардад. Ин иқдом дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, аз ҷониби соҳибкорон бо ҷалби мутахассисони Кореяи ҷанубӣ сохта мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Гармхонаи замонавӣ барои парвариши помидору бодиринг пешбинӣ гардида, бо харҷи 1 миллион доллари ИМА сохта мешавад. Ҳоло дар он ба таври таҷрибавӣ парвариши кӯчату тухмии помидору бодиринг ба роҳ монда шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз ноҳияи мазкур ҳамзамон бо корҳои сохтмонии якчанд иншооти ҷашнӣ шинос шуда, ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини идораҳои вилоятӣ дастуру супоришҳо дод.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво