26 май 2024, якшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Маҷлиси васеъ оид ба омўзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

254
Маҷлиси  васеъ оид ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонИмрӯз дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷҷикистон» ҷамъомади васеъ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Обидзода Фозил Саид, муовини Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Наботов Шукрулло, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва кормандони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита иштирок намуданд.

Сараввал Раиси Кумита Мирзозода Низом Юсуфӣ оид ба мафҳум ва муҳтавои Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат, ки рӯзи 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид, суханронӣ намуда, қайд карданд, ки паём ҳамчун ҳуҷҷати фарогири таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва дурнамои рушди устувори кишварро дар ҳамаи самтҳо, аз бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, рушди бахши хусусӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ, баргузории муҳимтарин чорабиниҳои сиёсӣ ва байналмилалии соли 2023 ва дигарҳо иборат мебошад, дар бар мегирад.

Маҷлиси  васеъ оид ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Доир ба масъалаҳои соҳа Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти марбутаро вазифадор намуданд, ки ҳангоми таҳия ва татбиқи нақшаҳои генералии шаҳрҳо ва шаҳраку деҳоти мамлакат банақшагириву бунёди иншоотро бо риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, санъати баланди меъморӣ, истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи сифатноки сохтмон ҳангоми бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва биною иншоот таъмин намоянд.

Илова бар ин, оид ба масъалаҳои таъмини талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ бо сангҳои бинокорӣ, эътибори аввалиндараҷа зоҳир намудан ба риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, дар муҳлатҳои пешбинишуда сохта ба истифода додани иншооти азими аср-неругоҳи барқи обии «Роғун», фаъол гардонидани корҳо дар самти бунёду навсозии роҳҳои дохиливу байни деҳаҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо супоришҳо дода шуданд.

Маҷлиси  васеъ оид ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонБо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои баёншуда Нақшаи чорабиниҳои Кумита таҳия карда шуда, баҳри иҷрои он кормандони масъули Кумита ва сохторҳои он вазифадор карда шудаанд. Ҳамаи кормандони соҳа дастуру супоришҳоро сармашқи кори худ намуда, дар асоси нақшаи чорабиниҳо барои таъмини иҷрои он кӯшиш ба харҷ ҳоҳанд дод.

Баъдан вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Обидзода Фозил Саид, муовини Раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷҷикистон муҳтарам Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Наботов Шукрулло дар назди ҳозирин баромад намуданд.

Дар интиҳо, Раиси Кумита қайд намуданд, ки кормандони соҳаи меъморӣ ва сохтмон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд сармашқи кори худ намуда, баҳри таъмини иҷрои он кӯшиш ба харҷ медиҳанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво