23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Соли гузашта тақрибан 1,5 миллион нафар сайёҳони Тоҷикистон аз Узбекистон дидан намуданд

249
Соли гузашта тақрибан 1,5 миллион нафар сайёҳони Тоҷикистон аз Узбекистон дидан намудандСоҳаи сайёҳии Узбекистон барқарор мешавад ва соли гузашта боздиди сайёҳони хориҷӣ аз ин кишвар 2,8 баробар афзудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи маълумот, соли 2022 аз Узбекистон 5,2 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади саёҳат дидан кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 3,4 миллион нафар ё 2,8 маротиба бештар аст.

Тақрибан сеяки тамоми сайёҳони хориҷиро шаҳрвандони Қазоқистон – 1 551,1 ҳазор нафар ташкил додаанд. Ҳамчунин ба сегонаи пешсафони ҷараёни сайёҳӣ кишварҳои ҳамсояи Узбекистон: Тоҷикистон бо 1 447,1 ҳазор ва Қирғизистон бо 1 356,9 ҳазор сайёҳ шомил шуданд.

Теъдоди сайёҳон аз Россия 567,7 ҳазор нафарро ташкил дод. Аз кишварҳои хориҷи дур 277 ҳазор сайёҳ, аз ҷумла 75,6 ҳазор нафар аз Туркия, 19,9 ҳазор нафар аз Кореяи Ҷанубӣ, 17,7 ҳазор нафар аз Олмон, 16,8 ҳазор нафар аз Ҳиндустон ва 13,1 ҳазор нафар аз ИМА ба Узбекистон омадаанд.

Қаблан иттилоъ расида буд, ки аз 2 январи соли 2023 дар панҷ фурудгоҳи Узбекистон гӯшаҳои Tax Free ба кор шурӯъ кардаанд, ки дар онҳо сайёҳони хориҷӣ метавонанд маблағи андоз аз арзиши иловашудаи моли харидаро баргардонанд.

АКС: Podrobno.uz.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво