28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Осорхонаи Садриддин Айнӣ баъди таъмир расман ифтитоҳ ёфт

804
Осорхонаи Садриддин Айнӣ баъди таъмир расман ифтитоҳ ёфтИмрӯз дар шаҳри Душанбе бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ба шахсияти Қаҳрамони Тоҷикистон, нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Айнӣ ва ба муносибати ҷашни 140 – солагии ӯ, осорхонаи ин адиби бузург барои дӯстдоронаш дари худро боз намуд.

Дар таъмиру тармими осорхонаи устод Айнӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ширкати «ТАЛКО» ҳисса гузошта, корҳои таъмиру азнавсозиро дар муҳлати кӯтоҳ ба анҷом расониданд.

Дар маросими ифтитоҳи осорхона Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, роҳбарият ва олимони Академияи илмҳо, адибону шоирон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, инчунин наберагони устод Айнӣ ва меҳмонон аз Самарқанду Бухоро ва Федератсияи Россия иштирок доштанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво