26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт созишномаҳо ба имзо расиданд

241
Миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт созишномаҳо ба имзо расидандБо мақсади тақвияти бештари ҳамкорӣ ва ҷалби сайёҳон ба давлатҳои ҳамдигар миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикиситон ва Давлати Кувайт созишномаҳо ба имзо расиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Созишномаҳои мазкур 9 январ зимни баргузории ҳамоиш дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода, директори меҳмонхонаи Ҳилтон Гаган Малхотра, роҳбарияти ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии Давлати Кувайт ба имзо расонида шуданд.

Зикр гардид, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои пешрафтаи сайёҳӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла мубодилаи иттилоот доир ба рушди сайёҳӣ тавассути маводи нашрӣ, филмҳо, гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ, ҳамоишу конфронсҳо, ташкили намоишгоҳҳо ва барои ба роҳмондани ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ мунтазам чораҳои зарурӣ меандешад.


Ҳумчунин дар ҳамоиш масъалаҳои вобаста ба ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва амалисозии лоиҳаҳои мақсаднок мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, имкониятҳои сайёҳии мамлакат ба меҳмонони кувайтӣ муаррифӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт, ки зимни ифтитоҳи хатсайри нахустин дар масири Ал-Кувайт – Душанбе – Ал-Кувайт ба кишвари мо омаданд, барои боздид аз мавзеъҳои назаррабо сайёҳати иттилоотӣ доир намуд. Фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт зимни мулоқот бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода таассуроташонро аз мавзеъҳои сайёҳии мамлакат ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ рангину хотирмон баён доштанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди ҲҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво