28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд

2131
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи муколамаи давлат ва бахши хусусӣ лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо иштироки аъзои гурӯҳи корӣ аз ҳисоби вазорату идораҳо ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре масъулини Кумита иброз доштанд, лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби гурӯҳи кории назди Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардид.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода иброз намуд, ки дар Стратегияи мазкур самтҳои мухталифи бахши сайёҳӣ, аз ҷумла, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва омӯзиши хадамоти хизматрасонии муштариён, раводид ва бақайдгирӣ, иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи сайёҳӣ, омор ва маълумот, самтҳои афзалиятнок ва бартаридоштаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон, қадамҳои минбаъда ҷиҳати рушди сайёҳӣ, рушди сайёҳӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва дигар ҷанбаҳои соҳа ҳамаҷониба фаро гирифта шудаанд.

Зикр шуд, ки барои татбиқи босамари Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 бо назардошти қабули Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020 таҳияи ду нақшаи чорабинӣ — (а) Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди сайёҳӣ барои солҳои 2021-2025 ва (б) Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди сайёҳӣ барои солҳои 2026-2030, инчунин Нақшаи чорабиниҳо оид ба тақвияти рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта мешавад.

Лоиҳаи Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 аз 6 боб — сайёҳӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодиёт; вазъи кунунӣ ва самтҳои стратегии рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; дувоздаҳ қадам дар роҳи рушди устувори сайёҳӣ; имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тақсимоти минтақавӣ; SWOT-таҳлили соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; низоми мониторинг ва арзёбии Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 иборат мебошад.

Дар натиҷаи омӯзиш ва таҳлил мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо муайян гардида, дар Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030 пешниҳод карда шудааст.

12 қадам дар роҳи рушди устувори сайёҳӣ дар стратегияи мазкур инҳо мебошанд: қадами 1-баланд бардоштани сатҳи муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ дар бозорҳои сайёҳии анъанавӣ ва имконпазир. Қадами 2-ташкили заминаи мусоиди қонунгузорӣ барои рушди сайёҳӣ. Қадами 3-сода кардани расмиёти воридшавӣ ба Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷие, ки мақсади саёҳатро доранд. Қадами 4-рушди инноватсионии кластерии навъҳои гуногуни сайёҳӣ бо мақсади васеъ намудани истифодаи самарабахш ва боэътимоди иқтидори сайёҳии кишвар ва таъмини фаъолияти солонаи бахши сайёҳӣ. Қадами 5-пешбурди Феҳристи ягонаи хизматрасониҳои сайёҳӣ ва ҷорӣ намудани методология барои арзёбии сифати онҳо. Қадами 6-муосиргардонии бахшҳои заминавии инфрасохтори сайёҳӣ ва мутобиқгардонии онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ. Қадами 7-таъмини ҳифзи муҳити зист бо назардошти манфиатҳои ҷамъиятҳои маҳаллӣ ва субъектҳои сайёҳии кишвар, арзёбии иқтидори табиии фароғатӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва истироҳатӣ. Қадами 8-таъмини амнияти боэътимоди ташрифи сайёҳон ба Тоҷикистон. Қадами 9-гузаронидани модели кори низоми идоракунии давлатии соҳаи сайёҳӣ аз реҷаи “чӣ тавр аст” ба реҷаи “чӣ тавр бояд бошад”. Қадами 10-ташаккули иқтидории кадрии соҳаи сайёҳии мамлакат, ки ҷавобгӯи талаботи муосир аст. Қадами 11-рушди фаъоли сайёҳӣ дар минтақаҳои кишвар мувоффиқи ҳадафҳои стратегии сатҳи миллӣ, инчунин бо назардошти хусусият ва имкониятҳои сайёҳии ҳар як минтақа. Қадами 12-мукаммалнамоии низоми баҳисобгирӣ ва омори соҳаи сайёҳӣ бо назардошти номгӯи намудҳои сайёҳӣ ва шумораи сайёҳон.

Самтҳои афзалиятноки бахши сайёҳӣ барои Тоҷикистон саёҳии экологӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ, саёҳати сайругаштӣ, таърихию фарҳангӣ, куҳнавардӣ ва шикор, иштирок дар вохӯрӣ, конференсияҳо ва рӯйдодҳо ба шумор мераванд.

Захираҳои бузурги сайёҳии Тоҷикистон барои рушди навъҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили сайёҳии экологӣ, фарҳангию таърихӣ, муолиҷавӣ, куҳнавардӣ сайёҳии шикор ва сайругаштӣ имконияти фарохеро фароҳам овардааст.

Роҳандозии тартиби электронии дастрас намудани раводид, низоми соддакардашудаи раводид бо 112 давлат ва реҷаи бе раводид бо 11 давлати ҷаҳон, фаъолияти зиёда аз 100 ширкати сайёҳӣ, сохтмон ва таҷдиду навсозии як қатор инфрасохтори сайёҳӣ, барои воридшавии ҷумҳурӣ ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Нишондиҳандаҳои муайянсозии расидан ба ҳадафҳои Стратегияи мазкур, ин афзудани шумораи сайёҳони ба ҷумҳурӣ ташрифоварда, саҳми сармоя ба соҳаи сайёҳӣ дар маҷмӯи сармоягузориҳо, саҳми сайёҳӣ дар қисми даромади буҷети давлатӣ, миқёси хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ, афзудани шумораи субъектҳои ба қайд гирифташудае, ки дар соҳаи истироҳат ва табобат хизматрасонӣ мекунанд, шуғли аҳолӣ дар соҳаи сайёҳӣ, болоравии мавқеи Тоҷикистон дар индекси амниятӣ ва мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои меҳмоннавоз, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ гузаронида мешавад, мебошад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво