Дар Нуробод вобаста ба татбиқи самараноки имтиёзҳои соҳаи сайёҳӣ ҳамоиш доир шуд
326
Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод вобаста ба амалисозии самараноки имтиёзҳои пешбининамудаи соҳаи сайёҳӣ ва омода кардани мутахассисони ихтисосманд ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур хабар доданд.
«Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини ҷолибияти соҳа барои сармоягузорони дохилию хориҷӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар намуда, дар марҳилаи аввал барои обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ ва таъсиси инфрасохтори зарурӣ заминаҳои иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам овард»,-гуфта шуд зимни ҳамоиш. Дар кори ҳамоиш намояндаи Кумитаи рушди сайёҳӣ, масъулини сохторҳои ноҳия ва субъектҳои хизматрасони сайёҳии минтақа иштирок намуданд. Зикр гардид, ки тибқи санадҳои қабулгардида, ширкатҳои сайёҳӣ дар тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андоз аз фоида, воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуда, андозаи боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои нав бо мақсади сайёҳӣ 50 фоиз коҳиш дода шуд. Тазаккур дода шуд, ки ноҳияи Нуробод аз 6 ҷамоати деҳот ва як ҷамоати шаҳрак иборат мебошад. Дар ҳама ҷамоатҳои қаламрави ноҳия мавзеъҳо, чашмаҳо, ёдгориҳо, чаманзорҳо, дараю кӯлҳо хеле зиёданд, ки баҳри рушди сайёҳӣ мувофиқ буда, аз мавзеи сайёҳӣ будани ин сарзамин шаҳодат медиҳанд. Таърихи ноҳия низ қадим аст, шаҳри бостонии Дарбанд, ки муаррихон таърихи мавҷудияти онро беш аз 3000 сол медонанд, макони тиҷорату савдо, косибию ҳунармандӣ ва илму фарҳанг маҳсуб меёфт. Дарбанд маънои бандарро дошта, ин шаҳр дарвозаи байни ду водӣ: Қаротегин ва Дарвоз буд. Роҳи савдои ҷаҳонии Абрешим аз ин шаҳр мегузашт ва бешак, сокинонаш бо дигар минтақаҳо робитаи қавии тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ доштанд. Дар ҳамоиш масъулин масъалаҳои мубрами соҳаро тариқи саволу ҷавоб якҷо бо иштирокчиёни ҳамоиш муҳокима намуда, пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар намудани имконияти хизматрасонии минтақа манзур намуданд. АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |