Балҷувон: хонаҳо аз фарсудагӣ хароб шудаанд
755
Ҳайати комиссияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо сарварии муовини аввали раиси Кумита Рустам Шоҳиён ба Балҷувон ҷиҳати боздиди хонаҳои бар асари заминларза зарардида сафар карда буд, натиҷаи диду боздид ва таҳқиқро хулоса кард.
Тавре аз Кумита хабар доданд, аксари хонаҳои харобшуда солҳои 80-и асри гузашта бидуни риояи қоидаҳои зиддизаминларза сохта шуда, то имрӯз онҳо аслан таъмир ҳам нашуда будаанд. Як сабаби харобӣ кӯҳнагиву осебпазир будани ин биноҳо буд. Вагарна заминларза бо қувваи 3-4 балл наметавонад хонаҳоро валангор кунад. Тавре пештар хабар дода будем, 30 марти соли равон дар қаламрави мамлакат заминларзаҳо ба қайд гирифта шуданд. Дар маълумоте, ки қаблан ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расида буд, гуфта мешуд: «Бар асари чанд маротиба такон хӯрдани замин дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон 62 хона зарар дид. Аз ин 62 хона 7 хона дигар барои зиндагӣ қобили истифода нест ва ҳатто зистан дар онҳо хатар дорад». Бо мақсади дақиқ муайян кардани вазъ ва ташхиси хонаҳои зарардида аз ҷониби раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гурӯҳи корӣ созмон дода шуда, фавран ба маҳалли офат сафарбар гардид. Гурӯҳи корӣ бо хонаҳои сокинони деҳаҳои Пештова, Сафедоб, Гулзамин, Сиёҳтут, Султонвайсӣ, Шингдара, Муллохконӣ, Шипдара, Аспирингон, Уланг ва Ниҳолаки Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон шинос шуд. Таҳқиқи ҳамаҷониба нишон дод, ки ҳамаи хонаҳои мавриди тафтиш қароргирифта аз сабаби кӯҳнаву фарсуда будан осеб дидаанд ва бинобар аз гил сохта шуданашон қисман фурӯ рафтаанд. Ин хонаҳои истиқоматӣ бе гузаронидани корҳои зиддизаминларза ва бе пойдевори мустаҳкам сохта шуда будаанд. Ҳамчунин таҳқиқ нишон дод, ки баъзе тарқишҳо дар ин хонаҳо бар асари боришот пештар аз заминларза ба вуҷуд омадаанд. Манзилҳои мазкур охирҳои солҳои 80-и асри гузашта бунёд шуда будаанд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |