28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«БЕҲТАРИН ШИРКАТИ САЙЁҲӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Таҳти чунин унвон дар пойтахт озмун доир мешавад

332
«БЕҲТАРИН ШИРКАТИ САЙЁҲӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Таҳти чунин унвон дар пойтахт озмун доир мешавадДар пойтахти Тоҷикистон озмуни «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе» доир мегардад, ки барои ҷойи якум – 15 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм – 10 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм – 5 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

Дар озмун ширкатҳои сайёҳие иштирок карда метавонанд, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин: дархост барои иштирок дар озмун, нусхаи Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ, пешниҳоди маълумот доир ба хатсайрҳои сайёҳии ширкат ва дигар хизматрасониҳо (дар шакли диск, буклет ва ғайра), пешниҳоди маълумот доир ба шумораи сайёҳони воридотию содиротӣ ва дохилӣ ва маълумот дар бораи мавҷудияти сомонаи алоҳида дар шабакаи интернет, почтаи электронӣ, саҳифаҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва дигар платформаҳои сайёҳӣ зарур аст.

Инчунин иштирокчиёни озмун метавонанд маълумоти иловагиро доир ба комёбиву дастовардҳои худ, инчунин диплому ҷоизаҳо, сипосномаҳоро аз намоишгоҳу чорабиниҳои дохилӣ ва байналмилалӣ пешниҳод созанд.

«БЕҲТАРИН ШИРКАТИ САЙЁҲӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Таҳти чунин унвон дар пойтахт озмун доир мешавад


АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии шаҳри Душанбе




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво