Дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Дарвозу Варзоб маъракаи тозакории мавзеъҳои сайёҳгузар доир гардид![]() ![]() Иқдоми мазкур ба хотири омодагиҳо ба мавсими нави сайёҳӣ ва чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, ки давоми соли 2018 дар ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст, роҳандозӣ гардид. Қобили зикр аст, ки сайёҳии экологӣ ё худ экотуризм чунин фазое эҷод мекунад, ки ҳангоми ҳифзи муҳити атроф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ василаи муҳими даромади иқтисодӣ ба аҳолии маҳаллӣ мегардад. Иқтидори сайёҳии экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан бемаҳдуд буда, бо таъсиси инфрасохтори зарурӣ имконият фароҳам меояд, ки гӯшаҳои нодири табиӣ барои сайёҳон дастрас шаванд. Ташаббуси саҳмгузорӣ дар корҳои тозагӣ, озода намудани мавзеъҳои сайёҳгузар, ҳамчунин бурдани корҳои тарғиботӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома меёбад.
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |