БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ашт ободкорӣ ва бунёди корхонаҳои саноатӣ ҷараён дорад![]() ![]() Раиси ноҳия Шуҳрат Муҳаммадзода ҳамроҳ бо масъулин дар маъракаи сабзу хуррамгардонӣ ва шинонидани дарахтони ҳамшасабз дар канори роҳи асосии Шайдон-Қаҳрамон иштирок намуд. Баъдан Шуҳрат Муҳаммадзода ва роҳбарону фаъолон аз бунёди коргоҳи ҷӯроббофӣ ва корхонаи коркарди нахи пахта бо иқтидори 15 тонна дар як шабонарӯз дар Ҷамоати деҳоти Шодоба дидан намуданд. Иқтидори коргоҳ дар як шабонарӯз 30 ҳазор ҷуфт ҷӯробро ташкил дода, дар он 200 нафар бонувон ва сокинон соҳиби ҷойи кор мегарданд. Зимни боздид аз коргоҳи нави мурғпарварӣ дар Ҷамоати деҳоти Ошоба раиси ноҳия ба сохтмончиён ва мутахассисон дастур дод, ки бехатарӣ ва инфрасохтор бояд дар мадди аввал ба назар гирифта шавад. АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиОё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |