25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Қаҳрамонони Кемерово — тоҷиконе, ки даҳҳо нафарро ҳангоми сӯхтор аз марг наҷот доданд

674
   Қаҳрамонони Кемерово — тоҷиконе, ки даҳҳо нафарро ҳангоми сӯхтор аз марг наҷот додандДирӯз мо дар бораи ду қаҳрамон –тоҷиконе, ки ҳангоми сӯхтор дар Маркази савдои «Зимняя вишня» -и шаҳри Кемеревои Россия ҷони худро ба хатар гузошта, одамонро наҷот дода буданд, иттилоъ додем. Дар бораи Хуршед ва Фарзон – фурӯшанда ва посбони мағозаи пойафзол аз Маркази савдо ва дилхушӣ, ки ҳаёти беш аз 50 нафарро аз марг наҷот доданд ва дирӯз шабакаи телевизионии «Россия» дар ин бора итттилоъ дод. Онҳо тавонистанд тавассути дари эҳтиётии мағозаи худ аз ошёнаи дуюм одамонро ба берун таҳвил диҳанд. Ин ду нафар худро ба даруни дуд зада, одамони дар сӯхтор дармондаро ба кӯча бароварданд. Яке аз наҷотдиҳандагон худро Фарзон, сокини шаҳри Душанбе муаррифӣ намуд. «Мо аз рӯи виҷдон ва имон амал кардем, мо наметавонистем, ки набароем ва ба одамон кумак нарасонем»,- гуфт дар мусоҳиба ба «АП» Фарзон Салимов.

«АП» иттилоъ медиҳад, ки панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон — Фарзон Салимов, Маҳмуд Хоҷаев, Кароматулло Қурбонов, Ҷамшед Абдуллозода ва Сӯҳроб Сайфов ба одамони дар иҳотаи сӯхтор дармонда кумак расонданд. «Ин нисфирӯзӣ буд. Доир ба сар задани сӯхтор ба мо ҳамкасбамон Ҷамшед хабар дод. Ҷамшед, ки дар дари даромадгоҳ меистод, дид, ки чӣ гуна одамон саросемавор аз ошёнаҳои боло ба поён мефароянд. Воқеан дар ин асно ман нигоҳ карда, дидам, ки чӣ гуна одамон дар ҳолати ваҳму ҳарос дар эскалатор ва назди он анбӯҳ шуда буданд. Ман дарҳол фаҳмидам, ки барои чунин анбӯҳи зиёди одамон эскалатор тангӣ намуда, тоб намеорад. Дар ин асно, бо бачаҳо тавассути баромадгоҳи эҳтиётии мағозаи худ як долон кушода, одамонро даъват намудем, ки тариқи он ба берун бароянд.Мо нахуст муштариёни мағозаи худро ба берун баровардем»,- гуфт Фарзон.

Тибқи суханони ӯ, бӯи сӯхтагӣ ва бӯи тунду тези пластика дарҳол тамоми биноро фаро гирифт, нафас гирифтан номумкин гардид, ки ин ҳолат ҷараёни таҳлияро душвор намуд. Бачаҳо бо шарофати ратсия тавонистанд зуд эътино кунанд.

«Ман дарҳол бо ратсия ба бачаҳо хабар додам, бояд дар навбати аввал занону кӯдаконро зуд берун барорем. Раҳмат ба бачаҳо, ки тавонистанд зуд ба ин кор эътино кунанд, онҳо худро гум накарданд ва ба одамон барои берун баромадан кумак карданд. Мо тавонистем нафарони маъюби дар аробачаҳо бударо низ берун барорем», — гуфт Фарзон.

«Аз лаҳзаи аввале, ки мо дар бораи сӯхтор фаҳмидем ва ба тахлияи одамон шурӯъ кардем, эҳтимол ҳамагӣ даҳ дақиқа гузашт. Одамон ниҳоят зиёд буданд. Бачаҳо баъд ба нафарони дар аробачаҳо буда, ки дар назди лифт меистоданд, кумак расониданд. Сипас ба бино одамони мусаллаҳи ҳарбӣ даромаданд ва ба мо гуфтанд, ки зуд аз бино берун бароем. Мо саросема мағозаро маҳкам кардем. Аз мағоза чизеро гирифта натавонистем, дар он ҷо тамоми ҳуҷҷатҳо ва пулҳо боқӣ монданд», – илова кард ӯ.

Тавре маълум гардид, ин бачаҳо дар мағозаи пойафзолфурӯшии Маркази савдои «Зимняя вишня» дар Кемерово ҳамагӣ ду ҳафта боз кор мекардаанд: Фарзон Салимов ба сифати сармаъмур, дигарон — посбонон.

Фарзон ва Ҷамшед — зодагони Душанбе, Маҳмуд аз Ҳисор, Кароматулло ва Суҳроб — аз шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) мебошанд.

Фарзон кайҳо боз дар Кемерово кору зиндагӣ мекунад. Ӯ ҳанӯз соли 2003 дарҳол баъди хатми мактаб барои кор ба Россия омад. Фарзон соҳиби шаҳрвандӣ буда, ҳамроҳи ҳамсар ва се фарзандаш дар Кемерово зиндагӣ мекунад. Маҳмуд Хоҷаев низ шаҳрванди Россия мебошад: ӯ низ кайҳо инҷониб дар Россия зиндагӣ дорад. Бачаҳои дигар аз Тоҷикистон ба Кемерово ба наздикӣ барои кор омадаанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти расмӣ, дар Кемерово 64 нафар қурбони сӯхтор гардиданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво