29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Роғун ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид

884
Дар Роғун ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ҷаласаи Шӯрои навбатии ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд, ки дар он ҷараёни иҷрои Қонун «Дар бораи танзим, анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирӣ ва мубориза бо терроризм ва экстремизм ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа шаҳри Роғун Шоира Раҷабалиева ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Дар ҷамъомад зикр шуд, ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр ҷиҳати амалишавии қонуни мазкур 4 адад комиссияҳои доимӣ ва 21 адад комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим фаъолият менамоянд. Рафти санҷиш ва таҳлилҳо нишон дод, ки дар бахш комиссияҳои доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим китоби бақайдгирии маърака ва ҷашну маросимҳо таъсис дода шуда, баъди муроҷиати хаттӣ ва шифоҳӣ ному насаб ва суроғаи зисти шаҳрванд, инчунин намуди маъракаҳо дар китоб ба қайд гирифта мешаванд.

Ёрдамчии прокурори шаҳри Роғун Мурод Саидзода оид ба паёмадҳои ногувори гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротию иртиҷоӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ташкилотҳои террористию экстремистӣ ибрози андеша намуд.

Прокурори шаҳри Роғун Хайриддин Қосимзода нисбат ба камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт сухан намуда, вобаста ба масъалаҳои ҷаласаи Шӯро аз ҳама иштирокчиён мудирони бахшу шуъбаҳо даъват ба амал овард, ки барои таъмин, иҷро, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо амалҳои номатлуб канорагирӣ накарда, фаъолияти хешро пурзӯр ва саҳми хешро дар пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ва сулҳу суботи ҷовидонаи ватани маҳбубамон гузоранд.



АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво