24 январ 2022, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Аҳли зиё ва фарҳангу ҳунари Самарқанд ба вилояти Суғд ташриф оварданд

624
 Аҳли зиё ва фарҳангу ҳунари Самарқанд ба вилояти Суғд ташриф овардандЯк гурӯҳи 20-нафараи намояндагони аҳли зиё ва фарҳангу ҳунари вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои наврӯзии Тоҷикистон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дирӯз ҳайати меҳмононро дар гузаргоҳи сарҳадии «Саразм», воқеъ дар шаҳри Панҷакент муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

Ба иттилои манбаъ, меҳмонон ба шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанд ташриф оварданд. Дар даромадгоҳи шаҳр меҳмононро роҳбарияти шаҳри Хуҷанд, шоирону нависандагон, ҷавонон ва сокинони шаҳр гарму самимӣ пешвоз гирифтанд. Сипас меҳмонон аз масҷиди «Шайх Маслиҳаддин» ва бозори «Панҷшанбе»-и шаҳр боздид намуданд.

Ҳамчунин меҳмонон бо фаъолияти КМ «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд шинос шуданд. Сафари гурӯҳи меҳмонон таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Самарқанд Мӯнис Восиев дар шаҳри Истаравшан идома ёфт. Ҳайати меҳмононро роҳбарияти шаҳр дар даромадгоҳи ҷанубии шаҳр зери садои карнаю сурнай бо нону асал пешвоз гирифтанд.

Сипас, дар тарабхонаи «Се додарон» – и шаҳр бо иштироки ҳунармандон барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар барнома муовини раиси вилоят Анвар Яъқубӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки бо ибтикори сарони давлатҳо — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз гардида, муносибатҳо миёни тоҷикону ӯзбекҳо дубора барқарор шуданд.
Раиси фонди «Нуронӣ» –и вилояти Самарқанд Нормурод Ҳасанов зимни суҳбат аз барқароршавии робитаҳо изҳори хушҳолӣ намуда, барои истиқболи гарму самамӣ ба роҳбарият ва мардуми шаҳри Истаравшан изҳори сипос намуд.

Ҳамзамон меҳмонон бо корҳои сохтмониву барқарорсозии Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қаълаи Муғтеппа» шинос гардида, бо дӯстони тоҷики худ расми хотиравӣ гирифтанд.

Дар назар аст, ки меҳмонон зимни ин сафар аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, дар барномаҳои наврӯзӣ, аз ҷумла, чорабинии Наврӯзи ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Панҷакент сурат мегирад, иштирок намоянд.

Хотирнишон бояд сохт, ки дар доираи амалишавии нуктаҳои Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба имзо расидаанд, 20 март намояндагони аҳли зиё ва фарҳангу ҳунари вилояти Суғд дар чорабинии наврӯзии вилояти Самарқанд иштирок намуда буданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво