7 декабр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 қабул гардид

787
АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 қабул гардидДар Паёми соли гузашта ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илмро вазифадор намуданд, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. 30 августи соли равон Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 тасдиқ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи лоиҳа, Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се марҳала: солҳои 2023 – 2026, 2027 – 2030 ва 2030 – 2040 татбиқ мегардад.

Ҳадаф аз гузариш ба таҳсилоти рақамӣ тавассути ТИК (Технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тағйир додани шаклу усулҳои таълим ва ба талаботи давр мутобиқ намудани он мебошад.

Гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати асосиро ба таҳсилоти миёнаи умумӣ равона намуда, инчунин тамоми зинаҳои дигари таҳсилро фаро мегирад. Он бо назардошти рушди ҷомеа ва навсозии системаи таҳсилот таҳия шуда, аз ҷумла арзишҳои миллию башарӣ, дастовардҳои илмию техникиро фаро мегирад.

Бо амалӣ шудани таҳсилоти рақамӣ формати (шакли) идоракунии муассисаҳои таҳсилотӣ тадриҷан тағйир меёбад. Дар муассисаҳои таҳсилӣ муҳити ба истилоҳ рақамӣ ташкил меёбад. Дар оянда рӯзномаҳои электронӣ, тахтаҳои электронӣ бо мундариҷаи интерактивӣ, компютерҳо ва планшетҳо истифода мешаванд.

Вазифаи консепсияи мазкур- ин баланд бардоштани тахассуси омӯзгорон дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, рушди омӯзиш бо истифодаи технологияҳои рақамӣ ва онлайнӣ, татбиқи барномаҳои таҳсилоти рақамӣ ва дарки низоми нави маориф мебошад

Яке аз вазифаҳои ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030- ин таъмини тамоми духтарон ва писарон бо таҳсили пурраи ройгон, баробар ва босифат дар зинаи ибтидоӣ ва миёна бо натиҷаҳои муассири таълим ва ба таври устувор зиёд шудани шумораи ҷавонон ва калонсолони дорои малакаи муносиб ба шуғл, кори шоиста ва соҳибкорӣ мебошад. Инчунин тамоми муассисаҳои таҳсилотӣ ба захираҳои интернетӣ ва таҷҳизоти компютерӣ дастрасии васеъ пайдо менамоянд.

Ҳамчунин таъмини маводи интернетӣ барои аксари фанҳо ва васеъ ҷорӣ намудани шаклҳои интерактивии таълим бо истифода аз ТИК, аз ҷумла таҳсили фосилавӣ (онлайн) ва рушди барномаҳои заминавии таълим бо забони тоҷикӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво