29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе масъалаи шомилшавии Тоҷикистон ба низоми GSP+ зимни муколама оид ба ҳуқуқи инсон баррасӣ гардид

136
Дар ин рӯзҳо ҳайати Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати анҷом додани муколамаи ҳуқуқи инсон бо Ҳукумати мамлакат дар доираи GSP+ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар робита ба ин 6 декабр Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушовири асосии Комиссияи Аврупоӣ, Роҳбари ҳайати GSP+ Эва Синовес ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот анҷом дод. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот кормандони масъули дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок намуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи фаъолияти мақомот, аз ҷумла, вазифаҳо, тағйиру иловаҳои воридшуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, сохтори мақомот ва намояндагию қабулгоҳҳои он дар минтақаҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Стратегияи фаъолияти мақомот ва самтҳои афзалиятноки он сухан гуфт.

Аз ҷумла, оид ба маърӯзаҳои пешниҳодшавандаи ҳарсола, самти фаъолияти иттиллоотонии мақомот ва сомонаҳои расмӣ, вазъи мутобиқати мақомот тибқи талаботи Принсипҳои Париж, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва ҳадафҳои он, фаъолияти Гурӯҳи мониторингии назди мақомот маълумот пешниҳод гардид.

Хонум Эва Синовес ва ҳайати ҳамроҳонаш дар навбати худ дар бораи вазифаҳо ва фаъолияташон иттилоъ доданд.

Ҳамчунин аъзои ҳайат аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар бораи мазмуну мундариҷаи Маърӯзаҳои солонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, мавҷудияти сохтори алоҳида оид ба қабулу баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, вазъи ҳуқуқи инсон ва кӯдак дар ҷумҳурӣ ва мушкилоти мавҷуда дар ин самт, сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», маблағгузории фаъолияти мақомот, вазъи ҳамкории мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, масъалаҳои шомилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми GSP+ ва дигар масъалаҳо пурсон шуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ иброз доштанд.

АКС: Хадамоти матбуоти ВҲИ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво