16 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бонки миллии Тоҷикистон: дар даҳ моҳи соли 2022 муътадилии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин карда шуд

135
Бонки миллии Тоҷикистон: дар даҳ моҳи соли 2022 муътадилии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин карда шуд5 декабр Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) таҳти роҳбарии Мэтю Гертнер, ки дар доираи машваратҳои Моддаи IV ҷиҳати тавсеабахшии анъанавӣ бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллӣ хабар доданд.

Ҳоким Холиқзода ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъорро бо вазъи мақроиқтисодии ҷумҳурӣ, раванди ислоҳот ва дастовардҳои низоми бонкии мамлакат шинос намуд. Мавсуф дар мавриди вазъи геосиёсии дунё, таъсири манфии он ба рушди иқтисодии мамолики минтақа, муносибатҳои байналмилалии тиҷоратӣ ва ғайра зикр кард, ки ба таъсири ҳодисаҳои берунӣ нигоҳ накарда, дар зарфи даҳ моҳи соли 2022 муътадилии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ таъмин карда шуд.

«Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ сиёсати ислоҳотии худро давом медиҳад ва вобаста ба ин пешниҳод менамоем, ки ҳамкории техникӣ бо ХБА дар самтҳои муҳим, аз қабили сиёсати монетарӣ, омор ва тавозуни пардохт, барномасозӣ ва сиёсати молиявӣ, рушди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, инкишофи низомҳои пардохт ва ғайра идома дода шавад. Бовар дорем, ки ХБА ҳамкории худро дар самтҳои зикршуда бо БМТ идома хоҳад дод», — изҳор дошт Ҳоким Холиқзода.

Мэтю Гертнер дар навбати худ оид ба ҳамкории дуҷонибаи ХБА бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус Бонки миллии Тоҷикистон сухан ронда, иброз намуд, ки имсол дар бисёр соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ нишондиҳандаҳои хуби иқтисодӣ ба даст оварда шуданд. Тавре аз нишондиҳандаҳои зикршуда бармеояд, рушди назарраси иқтисодӣ мушоҳида мешавад.

Ӯ дар идомаи суҳбат гуфт, ки ҳайати ХБА нақша дорад диққати худро ба дурнамои макроиқтисодӣ дар соли 2023, чораҳои сиёсат оид ба баланд бардоштани устувории макроиқтисодӣ ва ислоҳоти аввалиндараҷа, ки барои таъмини рушди баланд ва фарогири миёнамуҳлати иқтисодӣ заруранд, равона созад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориро дар самтҳои кам ё пешгирӣ намудани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, нигоҳ доштани устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва аз нав барқарор кардани музокирот оид ба Барномаи нави ХБА барои Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки аъзои ҳайати ХБА таҳти роҳбарии Мэтю Гертнер аз 5 то 16 декабр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, бо роҳбарони чанд вазорату идораҳои бахши иқтисодии кишвар мулоқот анҷом медиҳанд.

АКС: шуъбаи матбуоти БМТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво