29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Конфронси илмӣ-фарҳангӣ таҳти номи «Наврӯз дар Тоҷикистон» дар Файзободи Афғонистон

793
Конфронси илмӣ-фарҳангӣ таҳти номи «Наврӯз дар Тоҷикистон» дар Файзободи АфғонистонБо ибтикори Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи ба феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии ЮНЕСКО ворид кардани Иди «Наврӯз»; ибтикори ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-2018-2028, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», конфронси илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Наврӯз дар Тоҷикистон» баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиши номбурда, роҳбарият ва сардорони раёсатҳои дахлдори ҳукумати вилояти Бадахшон ва шаҳри Файзобод, намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар вилояти Бадахшон, ректори Донишгоҳи шаҳри Файзобод, намояндагони “Иттиҳоди пешаварони Бадахшон”, ширкати сангсозӣ, ташкилотҳои байналмилалии муқими вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистон: ташкилоти СММ доир ба масъалаҳои ёрӣ ба барқарорсозии Афғонистон дар шимоли ҶИА; муассисаи ғайридавлатии Норвегия ва Бунёди Оғохон, бахши намояндагии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар вилоятҳои Қундуз, Тахор ва Бадахшон, ҳодимони илму фарҳанг ва ҳунармандон иштирок карданд.
Конфронси илмӣ-фарҳангӣ таҳти номи «Наврӯз дар Тоҷикистон» дар Файзободи Афғонистон
Дар оғози ҳамоиш сурудҳои миллии Тоҷикистону Афғонистон садо дода, муовини Раиси вилояти Бадахшон, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон, сардори раёсати фарҳангии Ҳукумати Бадахшон, намояндаи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар шимолу шарқи ҶИА, доир ба Иди Наврӯз, таъриху забон, фарҳангу анъанаҳои миллии муштарак, робитаҳои рӯ ба инкишофи дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон ва нақши кишварамон барои таъмини сулҳу суботи пойдору рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон суханронӣ намудаанд.

Дар фарҷоми қисмати ифтитоҳии ҳамоиш, консули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод Умед Назаров ҳамаи иштирокчиёнро ба намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Бадахшон хайрамақдам гуфта, доир ба Иди Наврӯз, ки бо баробар гаштани рӯзу шаб фаро мерасад ва онро мардуми мо аз қадим ҳамчун иди суннатии соли нав, ҳаёти нав ва умеду орзуҳои нав ҷашн мегирифтанд, суханронӣ намуд.

Баъд аз қисми расмии чорабинӣ филми мустанад оид ба ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон манзур шуда, ҳунарҳои мурдумӣ, ғизо ва либоси миллии Тоҷикистону Афғонистон ба иштирокчиёни ҳамоиш муаррифӣ шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ ба ҳамаи меҳмонон дастурхони наврӯзӣ пешниҳод гардид.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво