19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Бозёфти сиккаҳои шоҳони кӯшонӣ аз Чимқурғони Шаҳринав

1051
Бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо сардории доктори илми таърих Давлатхоҷа Довудӣ бахшида ба 3000- солагии Ҳисор аз 10 август то 30 сентябри соли 2015 дар бостоншаҳри Чимқурғони ноҳияи Шаҳринав ҳафриёт гузаронданд. Дар натиҷа анбори шоҳӣ бо зиёда аз 20 хум кашф гардид. Ҳамчунин шумораи зиёди зарфҳои сафолӣ - хумҳо, хумчаҳо, косаҳо, ҷомҳо, кӯзачаҳо, миҷмари оташ, дукҳои бофандагӣ, ангуштариҳои нигиндори биринҷӣ, пораи ханҷари оҳанӣ, ҳайкалчаи гилии мард, сиккаҳои нуқрагии шоҳони Бохтар- Деметрий ва Евкратид, сиккаи мисии Евтидем, сиккаҳои миссии шоҳони кӯшонӣ Вима Такту- Сотер Мегас, Вима Кадфиз, Канишка, Васудева ёфт шуданд.
Сиккаҳо ба охири асри III п.м. - II мелод тааллуқ доранд. Дар асоси сиккаҳо ва осори дигар муайян карда шуд, ки Чимқурғон ба давраи Кӯшониён тааллуқ дошта, аз калонтарин шаҳрҳои водии Ҳисор будааст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво