28 май 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Барои навсозии Қалъаи Хуҷанд беҳтарин ҳунармандон ҷалб гардидаанд

103
Барои навсозии Қалъаи Хуҷанд беҳтарин ҳунармандон ҷалб гардидаандДар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд корҳои бунёд, таъмиру навсозӣ дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» бомаром идома доранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар корҳои навсозии Қалъаи Хуҷанд гурӯҳи лоиҳакашон, мутахассисон, олимону бостоншиносон, меъморону наққошон, сохтмончиён ва ҳунармандони халқӣ, кулолгарон, рассомону кандакорон машғули кор буда, дар ҳудуди он бунёди иншооти ёрирасон низ идома дорад.

Дар асоси лоиҳа эҳёи деворҳои куҳандиз, бунёди бинои маъмурӣ, намунаҳои хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст. Ба корҳои сохтмонӣ 10 ширкати бинокорӣ ва даҳҳо нафар мутахассисону сохтмончиён, устоҳои халқӣ, ҳунармандону рассомон, ороишгарону кулолгарон ва кандакорон ҷалб гардида, қалъа бо нигоҳ доштани асосу унсурҳои таърихӣ таҷдид мегардад. Ҳамзамон аз минтақаи Риштони вилояти Фарғона низ ҳунармандон ҷалб гардидаанд.

Барои навсозии Қалъаи Хуҷанд беҳтарин ҳунармандон ҷалб гардидаанд


Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 4 декабр ба Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» омада, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин макон шинос гардид.

Раиси вилоят бо рассомону ороишгарон, меъморону таърихнигорон, гаҷкорон ва дигар масъулин суҳбат карда, барои бо сифати баланд ба иҷро расонидани корҳо, ба роҳ мондани ҳафриёти археологӣ, истифодаи унсурҳои миллӣ дар вақти таҷдиду барқарорсозӣ маслиҳату тавсияҳо дод.

Ёдовар мешавем, ки Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» яке аз мавзеъҳои хушманзару диққатҷалбкунандаи сайёҳии шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он на танҳо барои рушди илму фарҳанг, балки равнақи соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ низ мусоидат мекунад.

Барои навсозии Қалъаи Хуҷанд беҳтарин ҳунармандон ҷалб гардидаанд


Қалъаи таърихии Хуҷанд дар маркази шаҳр, дар соҳили рости дарёи Сир дар масоҳати 200х300 м. воқеъ мебошад. Дар бинои қалъа Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ҷойгир шудааст, ки яке аз қисматҳои Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» аст. Қалъаи бостонӣ ба асри VII тааллуқ дорад.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон дохил гардида, бештар диққати сайёҳони дохилиро ҷалб менамояд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд






Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво