20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

5 ДЕКАБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВОЛОНТЁРОН. 15 000 нафар баҳри ободонии Тоҷикистон ба ин навъи фаъолияти ҷамъиятӣ машғуланд

191
5 декабр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии волонтёрон таҷлил мегардад. Тибқи маълумот, дар айни замон дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зерсохторҳо ва ташкилоти системаи он, инчунин ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» зиёда аз 15000 нафар волонтёрон фаъолият менамоянд.

Волонтёр кист? Самти фаъолияти онҳо кадом аст? Барои рушди ин соҳа дар Тоҷикистон чӣ гуна барномаҳо қабул гардидаанд? Баҳри дарёфти посух ба ин ва дигар суолҳо хабарнигори АМИТ «Ховар» ба муовини раиси ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат», директори КВД «Маркази ташаккули фарҳанг ва рушди иҷтимоии ҷавонон» Зарнигор Раҷабзода муроҷиат намуд.
5 ДЕКАБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВОЛОНТЁРОН. 15 000 нафар баҳри ободонии Тоҷикистон ба ин навъи фаъолияти ҷамъиятӣ машғуланд
Тавре ҳамсуҳбати мо иброз намуд, волонтёр калимаи фаронсавӣ буда, маънои он мададгори ихтиёрӣ, шахсе мебошад, ки ба манфиати Ватан ва мардум ройгон кумак мерасонад. Тавассути пайваст шудан ба фаъолияти мададгорӣ касбияти волонтёр аз лиҳози инсонӣ, ватандӯстӣ, худогоҳӣ, хештаншиносӣ ва аз ҳама муҳим, эҳтиром ба калонсолон зиёд мегардад. Вақте ки шахс ба фаъолияти волонтёрӣ мепайвандад, пеш аз ҳама, дар замираш дарки масъулият пайдо мешавад. Ин гуна шахсон мехоҳанд ба одамон кумак расонида, ҷомеаро ба пеш баранд ва худро узви фаъоли ҷомеа эҳсос кунанд.

«Дар Тоҷикистон низ солҳои охир фаъолияти ихтиёриён ва ё волонтёрӣ рушд намудааст. Солҳои охир мушоҳида мегардад, ки аксарияти чорабиниҳои сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ бо кумак ва иштироки фаъолонаи волонтёрон сурат мегиранд. Волонтёрӣ — фаъолиятест, ки дар шакли кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» дар самти беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии давлат ва ҷомеа ба амал бароварда мешавад»,- иброз медорад Директори КВД «Ориёно» Зарнигор Раҷабзода.


Ба зикри ҳамсуҳбати мо, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» соли 2013 қабул гардида, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иҷтимоии фаъолияти волонтёриро муайян менамояд. Қонуни мазкур инчунин муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба амалишавии ин намуди фаъолият ба танзим медарорад.

«Дар барномаҳои миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, 2016-2018, 2019-2021 ва 2022-2026 ва Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 вобаста ба рушди щиркати волонтёрӣ дар ҷумҳурӣ, ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳо бо иштирок ва кумаки онҳо ҷиҳати таъмини иштироки насли ҷавон дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар баргузории чорабиниҳои маърифативу иттилоотӣ, машваратӣ, оммавӣ, варзишӣ, фаҳмондадиҳӣ, фарҳангӣ ва ғайра пешбинӣ гардидаанд», -афзуд Зарнигор Раҷабзода.

Ба гуфтаи Директори КВД «Ориёно», волонтёрон метавонанд дар самтҳои дорои хусусияти иҷтимоии ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, тандурустӣ, маориф, илм, фарҳанг, варзиш, туризм, эҳсонкорӣ, ҳифзи муҳити зист мадад равонанд.

«Тавре ба ҳамагон маълум аст, 21 майи соли 2021 зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар супориш дода шуда буд, ки барои тақвият ва рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи алоҳида таҳия ва қабул карда шавад»,-гуфт ӯ.
5 ДЕКАБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВОЛОНТЁРОН. 15 000 нафар баҳри ободонии Тоҷикистон ба ин навъи фаъолияти ҷамъиятӣ машғуланд
Ба иттилои Зарнигор Раҷабзода, дар айни замон лоиҳаи «Барномаи рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» таҳия гардида, хулосаи вазорату идораҳо гирифта шудааст ва он дар муддати кӯтоҳтарин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки волонтёрӣ фаъолиятест, ки ҳазорсолаҳо миёни мардуми мо бо шаклҳои гуногун вуҷуд дошт ва падарону бобоёни мо ин навъи фаъолиятро бо мақсади ободу зебо гардонидани Ватан, густариши худшиносии миллӣ, дӯст доштани сарзамин ва дасти кумак расонидан ба шахсони ниёзманд пайваста истифода менамуданд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷавонони фаъоли кишвар бо ташаббусҳои наҷибона дар партави сиёсати оқилонаи Пешвои миллат дар роҳи ободонию созандагии Ватан ба ин навъи фаъолияти ҷамъиятӣ мепардозанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво