25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Душанбе Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда ба коррупсия ифтитоҳ ёфт

572
3 декабр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10 декабр ва Рӯзи байналмилалии муқовимат бар зидди коррупсия, ки 9 декабр таҷлил мегарданд, таҳти унвони «Ҳалли масоили муҳоҷират ва рушди ҳамкорӣ дар доираи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ» Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ниҳоди мазкур.
Дар Душанбе Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда ба коррупсия ифтитоҳ ёфт
Қабл аз шурӯи конференсияи байналмилалӣ дар доираи ҳамкории муштараки Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон утоқи кории Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда ба коррупсия дар Академия ба истифода дода шуд.

Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда ба коррупсия бо технологияи муосир, аз ҷумла смарт-доска, компютер ва дигар лавозимоти техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар Душанбе Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда ба коррупсия ифтитоҳ ёфт
Зимни ифтитоҳи маркази мазкур Ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Абдухалил Ғафурзода иброз намуд, ки “муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати давлатӣ маҳсуб шуда, таҳия ва татбиқи он аз иродаи олии давлату Ҳукумати кишвар оғоз мегардад. Самаранокии муқовимат ба коррупсия ба иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад. Тибқи банди 20-и Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои давраи то соли 2030 Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда бо коррупсияи Академияи идоракунии давлатӣ баҳри фароҳам овардани шароит барои ба такмили ихтисос фаро гирифтани шахсони муттасадӣ оид ба таъмини иҷрои стратегияи мазкур масъул мебошад”.

Ҳамчунин дар доираи ифтитоҳи Марказ ҷаласаи Шӯрои машваратӣ бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ доир гардид. Зимни баргузории ҷаласаи Шӯрои машваратӣ фаъолияти Марказ, тасдиқи ҳайат, нақшаи корӣ ва вазифаҳо барои соли 2023 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


Баъд аз ифтитоҳи Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муқовиматкунанда ба коррупсия Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ оғоз шуд.

Дар конференсияи байналмилалӣ зикр шуд, ки Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ баробари дигар давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи СММ гардид. Тоҷикистони соҳибистиқлол чандин санадҳои байналмилалиро дар самти ҳуқуқи инсон эътироф намуда, баҳри иҷрои онҳо корҳои зиёдеро амалӣ карда истодааст. Бо саъю талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон теъдоди зиёди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расид, ки барои рушди минбаъдаи ҷомеа ва боло бурдани мақому манзалати инсон нақши муҳим бозиданд.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон гардида, гуногунандешии сиёсӣ, баробарии шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла ба моликияти хусусӣ ва фаъолияти озоди иқтисодӣ кафолат дода шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳуқуқи инсон зикр намудаанд, ки “мо дар муддати начандон тӯлонӣ тавонистем, ки аз тариқи Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузорӣ меъёрҳои бунёдии фаъолияти давлати демократӣ – асосҳои сохти давлатдории демократӣ, моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии он, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсӣ, таъсиси парламенти касбӣ, кафолати адолати судӣ ва баробар будани ҳамаро дар назди қонун, инчунин озодии виҷдон эълон ва таъмин намоем”.

Дар конференсия муовини якуми Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Нигина Ализода, сардори департаменти идоракунии дахлдори дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Штефан Ханиш, ректори Академияи хизмати давлатӣ ва идораи давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Бошқирдистон, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Дониёр Абдураҳмонов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ҷамшед Муртазозода, декани факултети дипломатия ва сиёсати Академия, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Далер Қодирзода ва дигар олимону муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ тариқи ҳузурӣ ва онлайнӣ сухан гуфтанд.

Зимни конференсия таҳкими ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ дар масъалаи таъмини амнияту суботи минтақавӣ бо мақсади эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амнияту суботи байналмилалӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, нест кардани омилҳои коррупсионӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

АКС: Академияи идоракунии давлатӣ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво