26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Муносибатҳои Тоҷикистон ва Индонезия дар бахшҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд

344
Муносибатҳои Тоҷикистон ва Индонезия дар бахшҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ гардидандСафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, Ҷумҳурии Индонезия, Шоҳигарии Таиланд ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди UNESCAP Ардашер Қодирӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия Ретно Марсудӣ мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Индонезияро дар бахшҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва ғайра муҳокима намуданд.

Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати истифодаи имконияту иқтидорҳои истифоданашудаи ҳамкории ду кишвар изҳор намуданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Индонезия бо қароргоҳ дар Малайзия Ардашер Қодирӣ 1 декабр ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо эътимодномаҳои худро супорид.

Акс: ВКХ ҶТ




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво