24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон ҳамоиш баргузор гардид

366
Дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон ҳамоиш баргузор гардидИмрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон, ки ҳамасола 3 декабр таҷлил мегардад, таҳти унвони «Раванди амалишавии нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» ва нақши ҳуҷҷати мазкур дар таҳкими таъмини ҳуқуқҳои маъюбон бо иштироки намояндагони сохтору кумитаҳои дахлдори давлатӣ ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятии маъюбон ҳамоиш баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020 «Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон» қабул шуд, ки айни ҳол амалӣ гардида истодааст.

Мақсади асосии ҳамоиши имрӯза- бештар равона намудани диққати аҳли ҷомеа ба мушкилоти маъюбон, ҳифзи эътибор, ҳуқуқу муваффақияти онҳо ва иштирокашон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани истиқлолият то имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар тамоми дунё 3 декабр Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил мегардад. Ҳадафи он — мусоидат ба ҳуқуқҳои маъюбон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи кулли ҷомеа ба мушкилоти маъюбон мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво