18 май 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Роғун бо иштироки меҳмонони хориҷӣ, ки дар НБО-и Роғун фаъолият доранд, Иди Наврӯзи хуҷастапайро ҷашн гирифтанд

561
Дар шаҳри Роғун бо иштироки меҳмонони хориҷӣ, ки дар НБО-и Роғун фаъолият доранд, Иди Наврӯзи хуҷастапайро ҷашн гирифтандДар шаҳри Роғун бо иштироки васеи сокинону ҳунармандон ва аҳли адабу меҳмонони хориҷӣ аз Федератсияи Россия, Украина, Эрон, Хитой, Италия Қазоқистон ва дигар мамлакатҳои Осиёи Миёна, ки дар НБО-и Роғун фаъолият доранд, Иди Наврӯзи хуҷастапайро бо шукӯҳи хосса таҷлил намуданд.
Дар чорабинии идона раиси шаҳри Роғун Билол Иброҳим ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз ва оғози фасли баҳор сокинону меҳмононро самимона табрик гуфта, ҳозиринро ба таҳкими дӯстӣ, поксозии қалбҳо ва ваҳдату ягонагӣ даъват намуд. Барои баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ аз сокинон даъват намуд, ки ҳар як оила ба масъалаи тарбияи дурусти фарзандон, сарфаю сариштакорӣ, риояи низому тартибот ва волоияти қонун эътибори ҷиддӣ диҳанд.Дар шаҳри Роғун бо иштироки меҳмонони хориҷӣ, ки дар НБО-и Роғун фаъолият доранд, Иди Наврӯзи хуҷастапайро ҷашн гирифтанд
Дар ҷашни наврӯзи байналмилалӣ дастурхони идонаи «ҳафтсину ҳафтшин» бо суманак ва дигар хӯрокҳои миллӣ ороста шуд. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намунаи ҳунарҳои мардумӣ, асарҳои косибӣ, либосҳои миллӣ, китобҳо оид ба фарҳанги мардуми Тоҷикистон ва маводи таблиғотӣ доир ба муаррифии симои ҷумҳурӣ манзури меҳмонону сокинон гардонида шуд. Инчунин аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони маҳаллӣ барои хурсандии кӯдакону наврасон ва сокинони аз роҳҳои дур омада, зиёда аз 30 намуд хурокҳои миллӣ омода намуда, ройгон ба сокинон пешниҳод гардонида шуд.
Дар чорабинии фарҳангии идонаи Наврӯзӣ намунаи фарҳангу санъати минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ баҳри меҳмонону сокинони шаҳр ба намоиш гузошта шуд, ки иштирокчиён аз тамошои ин ҳунарнамоӣ рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд.
Хотирнишон менамоем, ки сокинони шаҳри Роғун баҳри ободу зебо гардонидани диёри худ дар арафаи иди Наврӯз зиёда аз 5000 бех дарахтони сояафкану мевадиҳандаю ороишӣ шинондаанд, ки ба ҳусни шаҳру маҳаллаҳои аҳолинишин ҳусну таровати тоза мебахшад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво