15 июл 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намояндаи Тоҷикистон дар конфронси СИТЕС дар Панама иштирок намуд

137
Намояндаи Тоҷикистон дар конфронси СИТЕС дар Панама иштирок намудДар шаҳри Панамаи Ҷумҳурии Панама Конфронси 19-уми тарафҳои Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта (СИТЕС) баргузор гардид, ки дар он Тоҷикистонро муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулқодир Мавлодод намояндагӣ намуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Дар конфронс муҳокимаи масъалаҳо миёни кишварҳо вобаста ба амалишавии Конвенсияи мавриди назар оид ба ҳифз ва савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоӣ сурат гирифта, ҳамчунин масъалаҳои марбут ба татбиқи ҳамоҳангсозии сиёсати экологӣ дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилали доир гардид.

Зимни иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронс мавқеи кишвар вобаста ба якчанд масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоӣ мушаххас гардида, вохӯриҳои дуҷониба бо намояндагони Шӯрои байналмилалии шикор ва ҳифзи олами ҳайвоноти ваҳшӣ, Котиботи Конвенсияи СИТЕС, ҳайати Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор шуд.

Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар конфронс ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки ҳамкориро бо Котиботи Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта тақвият бахшад.

Инчунин ҳамкории байналмилалӣ вобаста ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав вусъат дода шавад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво