28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мардуми Тоҷикистон, хусусан наврасону ҷавонон аз рӯзи қабули Парчами миллӣ ҳамеша ба он эҳтиром мегузоранд»

192
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мардуми Тоҷикистон, хусусан наврасону ҷавонон аз рӯзи қабули Парчами миллӣ ҳамеша ба он эҳтиром мегузоранд»«Мехоҳам бо қаноатмандӣ иброз намоям, ки мардуми Тоҷикистон, хусусан наврасону ҷавонон аз рӯзи қабули Парчами миллӣ ҳамеша ба он эҳтиром мегузоранд, онро аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ ва нишони зиндагии осудаву ороми хеш медонанд».

Ин нуктаро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ иброз намуданд.

Ҳамзамон Пешвои миллат зикр карданд, ки ҳифзи Парчам ва арҷгузорӣ ба он нишонаи ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад. Зеро Парчами давлатӣ рамзест, ки қудрати муттаҳидкунанда дорад ва дар қалби ҳар шаҳрванд ғурури миллӣ ва эҳсоси гарми ватандорӣ бедор мекунад.

Воқеан, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарасти мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳар сол бо камоли ифтихору эҳтиром нисбат ба ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон ҷашни он таҷлил мегардад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мардуми Тоҷикистон, хусусан наврасону ҷавонон аз рӯзи қабули Парчами миллӣ ҳамеша ба он эҳтиром мегузоранд»

Ёдовар мешавем, ки Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI сарнавиштсози Шӯрои Олӣ қабул гардид.

30 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Парчами Тоҷикистон дар пояи махсус барафрохта шуд. Баландии он 165 метр буда, ҳамон сол баландтарин пояи парчами давлатӣ дар ҷаҳон дониста мешуд ва ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид.

9 сентябри соли 2011, дар рӯзи таҷлили 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон аз майдони марказии пойтахт парчами дарозиаш 2011 метр, бараш 7 метр ва вазнаш 860 кг гузаронида шуд.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво