24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МИЛЛАТ ГАШТААСТ…». Дар нашриёти «Ирфон» ба бузургдошти ливои Ватан ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

447
«ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МИЛЛАТ ГАШТААСТ…». Дар нашриёти «Ирфон» ба бузургдошти ливои Ватан ҳамоиши тантанавӣ доир шудРӯзи Парчами давлатӣ аз ҷумлаи ҷашнҳое мебошад, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳиби тамаддуни бой дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Ин матлабро 23 ноябр Директори Муассисаи нашриявии «Ирфон» Қурбон Ғуломзода зимни ҳамоиш таҳти унвони «Эҳтироми Парчам – арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, ниёгони тамаддунсоз, миллат ва давлату давлатдорист» баён дошт.

Мавсуф зикр намуд, ки рамзҳое, ки дар Парчами Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме мазмуну мӯҳтавои амиқ доранд, ки дар онҳо агар аз як тараф гузаштаи мамлакати мо, яъне принсипи таърихият ба эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар, меросбарии арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ ва арзишҳои дигаре, ки дар гузашта мавҷуд буданд ва мо имрӯз ба онҳо арҷ мегузорем, ифода ёфтаанд. Тавре шоир зикр намудааст:

Парчами мо худ сари болои миллат гаштааст,
Қудрати озодагонро авҷи ҳиммат гаштааст.

Ин нишони фатҳи рамзи Ковиёну Рустам аст,
Раҳнамо бар шаҳраҳи авҷи саодат гаштааст.


Зимни ҳамоиш зикр гардид, ки парчам яке аз нишонаҳои пурифтихору ҳувиятсози миллат мебошад. Парчамро дар баробари забону фарҳанг, Нишону Суруди миллӣ муқаддас медонанд. Аз давраҳои қадим то ба имрӯз парчам ба ҳайси як нишона ва аломати қавми муайян, халқи муайян ва миллати муайян хизмат кардааст. Дар парчамҳои халқҳои гуногун, пеш аз ҳама, ҷуғрофия, иқтисодиёт, фарҳанг, заминаҳои таърихию тамаддуни ин ё он кишвар ва мардум инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ифодакунандаи дастовардҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва иқтисодии миллат аст, ки аз даврони қадим бо халқи мо ҳамқадаму ҳаммаром будааст.

Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокдорон вобаста ба нақши Парчами миллӣ дар баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ сухан гуфтанд.

АКС: Муассисаи нашриявии «Ирфон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво