19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таҷлили иди Наврӯз дар Қалъаи Ҳисор

825
Таҷлили иди Наврӯз дар Қалъаи ҲисорМардуми ноҳияи зарнисори Ҳисор дар Қалъаи куҳанбунёд, ки қарнҳо побарҷосту дар даврони Истиқлолият пурра тармим гардидаст, бо шукӯҳу шаҳомат ва нишоту сурур тантанаҳои наврӯзӣ доир намуданд. Ба истиқболи онон духтари зебои қабои сафедпӯш савори саманди бодпои барфосо сафед ҳамчун рамзи баҳори хуррам баромад.

Раиси ноҳия Шарифҷон Ҷумъазода аҳли ҳамоиши идона, инчунин меҳмононро, ки аз Ӯзбекистони ҳамсоя омадаанд, самимона шодбош гуфт. Зимни суханронӣ ӯ ёдовар шуд, ки бо саъю эҳтироми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз иди давлатӣ гардид ва бо ибтикори Тоҷикистони соҳибистиқлол бо сарварии Ҷаноби Олӣ мақоми ҷаҳонӣ касб намуд.

Ширкати мутрибону раққосаҳои ансамбли овозадори «Зебо» ҳусну ҷилои тоза бахшид. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳия, инчунин соҳибкорони саховатпешша хатнасури 31 кӯдак аз оилаҳои камбизоат барпо гардид ва ба онҳо бозичаҳо тӯҳфа карда шуданд. Аз рӯи анъана гӯштингирию асптозӣ доир гардид. Ҳунармандон маҳсули дастони худро ба маърази тамошо гузоштанд. Кадбонуҳо аз рӯи анъанаҳои дерин хоҳишмандонро бо суманак, далдаю оши палав ва дигар таъомҳои миллӣ зиёфат карданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво