15 июл 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо низоми идоракунии маркази озмоишгоҳи SYKE шинос мешаванд

94
Мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо низоми идоракунии маркази озмоишгоҳи SYKE шинос мешавандДар доираи татбиқи Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти муҳити зисти Финландия (SYKE), воқеъ дар шаҳри Хелсинки вохӯрии мутахассисони тоҷику финӣ барои табодули таҷриба ва баррасии масоили марбут ба мониторинги обҳои рӯизаминӣ баргузор шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Дар вохӯрӣ муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Зарафо Қиёмзода ба коршиносони Институти муҳити зисти Финляндия дар бораи фаъолияти Кумита дар самти амалигардонии сиёсати экологӣ ва ҳамкории байналмилалӣ маълумот дод.

Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи финҳо дар назар аст, ки мутахассисони Кумита бо низоми идоракунии маркази озмоишгоҳи SYKE шинос шаванд.



АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво