Дар шаҳри Хоруғ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ 250 иншооти таъйиноти гуногун сохта мешаванд![]() ![]() Раиси вилоят Алишер Мирзонабот зикр кард, ки дар баробари дигар корҳои ободониву созандагӣ ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба масъалаи мутобиқ намудани иншооти ҳамшафати роҳи марказӣ ба талаботи шаҳрдорӣ бояд таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад. «Зарур аст, ки ҳамаи биноҳо пурра таъмиру рангу бор гардида, равшаникунонии биноҳои баландошёна низ ба роҳ монда шавад»,-иброз дошт ӯ. Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода тазаккур дод, ки дар ин замина дар шаҳр сохтмону навсозии 250 иншооти таъйиноти гуногун, асфалткунонии 2 ҳазору 800 метр роҳҳои мошингард, чароғонкунии биноҳои баландошёна ва дигар корҳои ободониву созандагӣ ба нақша гирифта шуда, марҳила ба марҳила амалӣ мегарданд. Раиси вилоят ба Раиси шаҳр супориш дод, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони шаҳр раванди корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, масъалаи чароғонкунонии бинову иншооти бахши хусусиро низ ҳал намояд. Инчунин ба роҳбарони тамоми идораву муассисаҳо супориш дода шуд, ки чароғонкунонии биноҳои идораву муассисаҳояшонро то фарорасии соли нав пурра ба итмом расонанд. Акс: МИҲД ВМКБ
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |