26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви МҲТБО доир гардид

108
Таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви МҲТБО доир гардид22 ноябр таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ба таври маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа роҳбарону намояндагони идораҳои сайёҳии Озарбойҷон, Бангладеш, Чин, Эрон, Ироқ, Исроил, Урдун, Тоҷикистон, Таиланд, Туркия, ва Котиботи МҲТБО иштирок доштанд.

Роҳбарони ҳайатҳо аҳамияти рушди ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ байни кишварҳои узви МҲТБО дар шароити пас аз пандемияи COVID-19 ва таҳкими амалҳои муштаракро оид ба барқарорсозӣ ва фаъолгардонии минбаъдаи табодули сайёҳӣ миёни кишварҳои узви МҲТБО муҳим арёзбӣ намуданд.

Ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳо вазъияти ҳозираи соҳаи сайёҳии миллӣ ва тадбирҳоеро, ки барои мустаҳкам намудани иқтидори саноати сайёҳии давлатҳои аъзои МҲТБО андешида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки ба соҳаи сайёҳии кишварҳои узви МҲТБО дар рафъи оқибатҳои пандемияи COVID-19 кумак ва дастгирии мутақобила расонанд.

Ҷонибҳо имконоти ташкили хатсайрҳои нави муштараки сайёҳиро бо дарназардошти бехатарии сайёҳон, аз ҷумла ҳангоми рафту омади онҳо миёни давлатҳои аъзои МҲТБО ба мақсад мувофиқ хонданд. Сарони ҳайатҳо самаранокии тадбирҳои аз ҷониби кишварҳои узви МҲТБО андешидашударо оид ба сирояти коронавируси COVID-19 дар бахши сайёҳӣ қонеъкунанда ҳисобида, ҳамчунин сана ва макони баргузории вохӯрии навбатии роҳбарони идораҳои сайёҳии кишварҳои узви МҲТБО-ро ба воситаи котиботи он мувофиқа намуданд.

Дар фарҷом роҳбарони ҳайатҳои бахши сайёҳии кишварҳои узви МҲТБО Протоколи ҷаласаро тасдиқ намуданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво