20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Рашт ба 90 нафар духтарон либосҳои зимистона тақдим шуданд

147
БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Рашт ба 90 нафар духтарон либосҳои зимистона тақдим шудандБахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Рашт Муқимҷон Набизода туҳфаҳои идонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро, ки иборат аз либосҳои духтаронаи зимистона буданд, ба 90 нафар гулдухтарони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ятимони ноҳия, Коллеҷи тиббӣ ва Коллеҷи омӯзгории ноҳия тақдим намуд. Дар ин бора дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ доданд.

Дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз хислатҳои неки инсонист. Дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳу ғамхориҳо нисбат ба ятимону маъюбон, бепарасторон, дардмандону оилаҳои эҳтиёҷманд дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз амалҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешаванд.

Дар доираи чунин иқдому тадбирҳои муҳим ва хайрхоҳонаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо дастгирии соҳибкорони ватандӯст оилаҳои эҳтиёҷманд, хусусан ятимону шахсони дорои имконияти маҳдуд ва хонандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ятимони ноҳия пайваста дастгирӣ карда мешаванд. Ин табақаи аҳолӣ таҳти таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво