24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Муовини раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон баргузории интихоботи ғайринавбатии президентиро дар Қазоқистон баланд арзёбӣ кард

93
Муовини раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон баргузории интихоботи ғайринавбатии президентиро дар Қазоқистон баланд арзёбӣ кардКомиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Қазоқистон натиҷаҳои пешакии интихоботро эълон кард, ки тибқи он Қосим-Жомарт Токаев бо 81,31 дарсади овозҳо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон интихоб гардид.

Овоздиҳӣ дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Қазоқистон анҷом ёфт. Гурӯҳи нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷараёни раъйдиҳӣ дар Қазоқистон ва ҳамчунин дар қитъаҳои интихоботии хориҷиро, ки дар 13 кишвари ҷаҳон фаъолият доранд, назорат намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Ҳамоҳангсози гурӯҳ — муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва Дабири кулли Шӯрои АБ ИДМ Дмитрий Кобитский ва намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ аз ҳавзаи интихоботии №111, воқеъ дар китобхонаи миллии академии пойтахти Қазоқистон дидан карданд. Онҳо дар маросими ифтитоҳи участкаи интихоботӣ, мӯҳр задани қуттиҳои интихоботӣ ва оғози овоздиҳӣ ҳузур доштанд.

Нозирон шаҳдодат медиҳанд, ки тамоми расмиёти зарурӣ пурра иҷро шуда, овоздиҳӣ сари вақт анҷом ёфт.

Дар яке аз ҳавзаҳои интихоботӣ нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо Раиси сенати парлумони Қазоқистон Маулен Ашимбоев мулоқот намуданд.


Нозирони байналмилалӣ аз АБ ИДМ дар шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Талдиқургон фаъолона ширкат варзиданд.

Ба ҳайати нозирон намояндагони парлумонҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Узбекистон шомил буданд.

Акс: МН МО ҶТ




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво