19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар Кӯлоб дар бозор ва манзилҳои истиқоматӣ риоя нагардидани қоидаҳои бехатариро ошкор карданд

160
Кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар Кӯлоб дар бозор ва манзилҳои истиқоматӣ риоя нагардидани қоидаҳои бехатариро ошкор карданд Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор кормандони қисми ҳарбикунонидаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар бозори «Саховат»-и шаҳр бо соҳибкорон ва роҳбарияти бозор корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, барои огаҳӣ ёфтан аз чораҳои пешгирӣ аз сӯхтор роҳҳои барои мошини оташнишонӣ муайянгардидаро санҷиданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Мутаассифона, аксари соҳибкорон ба қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор риоя накарда, роҳи назди нуқтаҳои савдоро банд кардаанд, ки ин ба ҳаракати нақлиёт монеа эҷод мекунад. Дар вақти ҳаракат дар байни бозор монеаҳо бартараф карда шуда, ба соҳибкорон огоҳӣ дода шуд.

Сардори қисми 33-и Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Кӯлоб Назаршо Қурбонов иброз дошт, ки фақат дар як самти ҳаракат мошини сӯхторнишонӣ масофаи 135 метрро дар муддати 27 дақиқа тай кард, ки дар ҳолати сар задани сӯхтор дар дохили бозор онҳо наметавонанд сари вақт ба ҷои ҳодиса расанд.

Ба гуфти кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ, ин ҳолат дар бозорҳои хусусӣ бештар ба назар мерасад. Инчунин ҷойҳои махсус, ки дар онҳо ҷумакҳои об барои сӯхторнишонӣ ҷойгир шудаанд, аз ҷониби соҳибкорон ғасб карда шудаанд. Ҳамин гуна корҳои пешгирӣ аз сӯхтор дар чанд деҳа ва Ҷамоати деҳоти «Зиракӣ» гузаронида шуданд.

Дар деҳот сокинон бештар дар самти захираи хӯроки чорво ва маводи сӯхт беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Кормандони хадамот дар баробари корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бехавф гардонидани иншоот ва молу мулк ба сокинон кумак расониданд.

Мувофиқи нақша, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор дар дигар ҷамоату деҳаҳо, корхонаю ташкилот, бозору марказҳои савдо низ гузаронида мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво